Jump to content

Бобошоҳи Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобошоҳи Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд: 1500-ум
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1588
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бобошоҳи Исфаҳонӣ (форсӣ: باباشاه اصفهانی‎; ? — 1587/88, Бағдод) — хаттот, хушнавис ва шоири форс-тоҷик, устоди хатти настаълиқ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба қавли ҳамаи тазкиранависони муосираш ҳеч яке аз хушнависон дар навиштани настаълиқ ба мақоми вай нарасидааст ва ҳатто хушнависони бузург устодии ӯро эътироф кардаанд. Муаллифи «Маноқиби ҳунарварон» гуфтааст: «Латофати хатташ дар дараҷаи эъҷоз аст… дар хушнависӣ модарзод ва ҳусни хатташ худодод аст ва рағбати мардуми Исфаҳон ба хатти ӯ дар мартабаест, ки ба яқин муътақиданд, ки модари даҳр монанди Бобошоҳ фарзанди хушнависи нодир наёвардааст». Соҳиби «Риёз-уш-шуаро» ва баъзе дигарон Бобошоҳи Исфаҳониро аз мардуми Кӯҳпояи Ироқ донистаанд, ки дар Исфаҳон нашъунамо ёфта ва ба он нисбат машҳур шудааст. Бобошоҳи Исфаҳонӣ хаттотӣ ва хушнависиро дар назди Саидаҳмади Машҳадӣ (дар «Маноқиби ҳунарварон») ва Миралии Ҳиравӣ (ба қавли тазкиранависон Мирзо Ҳабиб, Мирзо Санглох, Сипеҳр ва Абулмуҳаммадхон) омӯхтааст. Бобошоҳи Исфаҳонӣ шеър ҳам мегуфт ва дар шеър «Ҳолӣ» тахаллус мекард. Вай бештар гӯшанишинӣ карда, вақти худро ба китобат сарф менамуд.

Мирзо Санглох, Мирзо Ҳабиб ва Калмони Ҳавор мунзумаеро дар одоби хушнависӣ ва қавоиди хатти настаълиқ ба Бобошоҳи Исфаҳонӣ нисбат дода, ин се байтро аз он овардаанд:

Аз вазъи хатти насху таълиқ,
Бишнав сухане зи рӯйи таҳқиқ.
Болои алиф се нуқта бояд,
Аммо ба ҳамон қалам, ки ояд.
Як нуқта бас аст гардани бо,
Шаш нуқта дарозии тани бо.

Инчунин рисолаи «Одобу-л-машқ»-ро ба ӯ мансуб донистаанд. Бобошоҳи Исфаҳонӣ китобҳо ва қитъаҳои бисёреро китобат кардааст. Аз осори хаттотии ӯ як нусхаи «Силсилат-уз-заҳаб» (китобат 1584) ва «Туҳфату-л-Аҳрор»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (китобат 1571), як нусха «Мунтахаби ашъори Ҷомӣ», нусхаи «Насоеҳу-л-мулук»-и Мир Абдурраҳим ибни Фазлуллоҳи Муҳтасиб (китобат 1570), як нусхаи «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва дар ҳошияаш «Хамса»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (китобаташ 1585/86), «Чиҳил калимаи набавӣ» (китобаташ 1568) дар Китобхонаи салтанатии Эрон (Теҳрон) мавҷуд аст. Аз Бобошоҳи Исфаҳонӣ ҳамчунин се қитъа боқӣ мондааст, ки дутои он дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул ва яктояш дар китобхонаи Донишгоҳи Истанбул маҳфуз мебошад.