Бобоҷалоли Мутриб
форсӣ: باباجلال | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | Бобоҷалол |
Зодгоҳ | Ҳирот |
Таърихи даргузашт | 1527 |
Маҳалли даргузашт | Ҳирот |
Пеша(ҳо) | сароянда, навозанда, зарофатгӯ, ширинкор |
Бобоҷалол (форсӣ: باباجلال), Бобоҷалоли Мутриб (?, Ҳирот — 1527, ҳамон ҷо) — сароянда, навозанда ва зарофатгӯю ширинкори форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобоҷалоли Мутриб аз хурдсолӣ ба сурудхонию сознавозӣ рағбат пайдо карда, назарияву амалияи илми мусиқиро аз Устод Шодӣ ва Ғулом Шодӣ омӯхтааст ва сабки онҳоро пайравӣ кардааст. Бобоҷалоли Мутриб ҳофизаи хубу қавӣ дошта, соҳиби табъи баланд будааст ва бо латифаҳову мутоиботи рангин ҳокимону амалдорони он даврро ҳаҷв кардааст. Инчунин ӯ ашхоси бефазилату худсито, шоиртарошу ҳунарфурӯшро мазаммат намуда, ба ин васила бисёр нуқсонҳои ҷамъиятию ашхоси ҷудогонаро ифшо сохтааст. Дар иҷрои қисм, шохаҳои созию овозии мақомҳо («Нақш», «Савт», «Пешрав», «Рехта», «Қавл») маҳорати хосса доштааст. Бобоҷалоли Мутриб дар санъати найрангбозию лухтакбозӣ низ назир надоштааст. Мусиқӣ ва сурудҳои саҳначаҳои ҳаҷвияш дар Ҳироту Бухоро ва Самарқанд маъмул будаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобоҷалол / А. Раҷабов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Дарвешалии Чангӣ. Рисолаи мусиқӣ. Р: 468-1. ШИ АИ Ӯзбекистон;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Раҷабов А. Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихи он дар асрҳои 16-17. Д., 2007;
- Донишномаи Шашмақом. Д., 2009.