Jump to content

Бобоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бобоӣ — навъе аз зардолуҳои дерпази маҳаллӣ.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарахташ зудсабз ва дарозумр буда, то 80-90 сол бор меоварад. Аз баъзе дарахтони бобоӣ 150—200 кг ҳосил гирифтан мумкин аст. Ниҳолаш соли 3-4-уми шинондан ба ҳосил медарояд. Дар даҳрӯзаи севуми март гул карда, мевааш моҳи июн мепазад. Мевааш хурд ё миёнаҳаҷм (вазнаш 10-15 г), гирда, рангаш зард, гоҳе тобиши гулобидор; думчааш кӯтоҳи сахт. Мағзаш шакаракбастаи зард; таъмаш қадре нордон, хушбӯй. Донакаш майда (1,0-1,2 г), ширин, аз мағзаш зуд ҷудо мешавад. Дар таркиби меваи расидааш 13,4-14,6 % қанд, 0,5-0,6 % туршӣ ва 19,3-24 % моддаи хушк мавҷуд аст. Асосан, дар вилояти Суғд (Конибодом, Хуҷанд, Айнӣ, Масчо, Панҷакент, Спитамен) парвариш мекунанд. Тақрибан 50 фоизи зардолузори куҳансоли ноҳияи Хуҷандро дарахтони бобоӣ ташкил медиҳанд. Ба шамолҳои сахт тобовар аст. Гули он дер мешукуфад, аз ин рӯ, аз сармои навбаҳорон кам зарар мебинад. Меваашро тар мехӯранд, мехушконанд, аштақ тайёр мекунанд. Солҳои охир ҳосили бобоӣ, асосан, барои истеҳсоли афшура, руб, мармалад ва ғайра истифода мешавад.

  • Козалев Н. В. Абрикос. М., 1963;
  • Пулатов А. Таджикский абрикос. Д., 1976;
  • Есаян Г. С. Культура абрикоса. М., 1980;
  • Урунов Ф. У. Навъшиносӣ. Д., 1999.