Бобо Айнулмулук
Зоҳир
форсӣ: بابا عینالملوک | |
Зодгоҳ: | Бухоро |
Навъи фаъолият: | шоир |
Бобо Айнулмулук (ар. باباعینالملوک) (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 16).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Бухоро. Дар ҳамин ҷо улуми мутадовилии даврашро фаро гирифтааст. Нисории Бухороӣ дар тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб» аз ӯ чун аз ашхоси муътабар ва маҷзубони замон ёд кардааст. Ба қавли Нисорӣ, дар Бухоро мадфун ва марқадаш зиёратгоҳи мардум будааст. Аз рубоиёти Хайём огоҳӣ доштааст.
Абёти зерин намунае аз шеъри ӯст:
Эй карда маро дар дили мискин маскан,
З-ин беш дилам ба ҷаъди мушкин машкан.
Ё шохи вафо дар чамани ҷон биншон,
Ё бехи вафо аз дили пуркин баркан.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нисорий Ҳасанхожа. Музаккири аҳбоб (Дӯстлар ёдномаси). Тошкент, 1993.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобо Айнулмулук / У. Назиров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.