Бобуриён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бобуриён
1526 —


Бобуриён — давлате, ки Бобур дар Ҳиндустон таъсис намуд, дар Аврупо онро бештар давлати Муғулони бузург меноманд, бархе аз муҳаққиқон бо номи императории Темуриёни Ҳинд зикр кардаанд.

Таърих[вироиш]

Бобур соли 1526 давлати Бобуриёнро (Темуриёни Ҳинд)ро таъсис дод, баъди фавти ӯ писараш Ҳумоюни 19-сола қудратро ба даст гирифт (1530–1556). Ӯ кӯшид сарзамини бештарро дар ихтиёр дошта бошад, вале афғонҳои Бангола бо сарварии Шершоҳ алайҳи Ҳумоюн бархостанд ва ба истиснои Гуҷарот Ҳиндустонро зери итоати худ дароварданд. Ҳумоюн аввал ба Синд ва баъд ба Эрон паноҳ бурд ва танҳо соли 1555 бо ёрии шоҳи Эрон Таҳмоспи Сафавӣ Деҳлиро тасарруф карда, соли 1556 аз олам даргузашт. Талошҳои Ҳумоюнро дар амри ба даст овардани ҳудуди бештари Ҳинд писараш Ҷалолуддин Акбар (1556–1605) идома бахшид. Ӯ соли 1556 лашкари ҳиндуҳоро бо сарварии Ҳиму дар Панипат шикаст дод, дар натиҷаи муборизаҳои баъдӣ шимолу ғарби Ҳинд дохили қаламраваш гардиданд. Баъди тасхири Кобул ва Қандаҳор Акбар сарҳадҳои шимолу ғарбро, ки дарвозаи футӯҳоти Ҳинд маҳсуб мешуданд, таҳким бахшид. Ӯ кӯшид одобу русуми қавмҳои таҳти фармони худро мутаҳҳид созад ва мазҳаберо бо номи “тавҳиди илоҳӣ” бунёд гузошта, ба интишораш талош варзид. Баъди ҳукмронии нимасраи Акбар ворисони ӯ Нуруддини Ҷаҳонгир (1605–27) ва Шоҳиҷаҳон (1628–57) сиёсаташро дар амри идораи давлат давом доданд. Шоҳиҷаҳон барои пайвастани Мовароуннаҳр бо Ҳинд (1647) талош намуд, вале ноком гардид. Баъди марги Шоҳиҷаҳон барои тахт байни писарҳояш муборизаҳо сар заданд ва дар натиҷа Муҳиддин Аврангзеб (1658–1707) пирӯз шуда, бародаронашро ба қатл расонд ва соҳиби тахт гардид. Ӯ тамоми сарзамини Ҳиндро, ба истиснои манотиқи баландкӯҳи Дакан, зери итоати худ даровард. Мутаассифона, пас аз вафоти Аврангзеб шахсони нолоиқ сари қудрат омаданд, ки амалҳои номатлубашон мояи заволи давлати Бобуриён гардид. Ин замон афғонҳо, инчунин қабилаҳои сикх, ҷат, маратха қудратманд гардиданд. Ҳамлаи Нодиршоҳи Афшор ва Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1748–1757) ба Ҳинд зарбаи сахт бар сутунҳои давлати Бобуриён заданд. Роҷпурҳо аз зери итоати Бобуриён баромаданд, синкхҳо тадриҷан аз дасти афғонҳо ҳукумати Панҷобро хориҷ карданд, готҳо дар Агра эълони истиқлолият намуданд, Банғола низ мустақил шуд.

Замони ҳокимияти Ҷалолуддини Шоҳиолам (1788–1806) давлати Бобуриён комилан зери таъсири англисҳо қарор гирифта, давраи писаронаш Муҳаммад Акбари дуюм (1806–1837), Абумузаффар Баҳодуршоҳ (1837–1858) амалан бозичаи дасти мустамликадорон гардид. Бар асари шӯриши бузурге, ки бо таҳрики англисҳо (1858) сурат гирифт, ҳокимияти Бобуриён хотима пазируфт.

Давраҳои охири салтанати Бобуриён аврупоиҳо барои тиҷорат вориди ин сарзамин шуда, аввал португалиягиҳо, баъдан ҳолландиҳо ва англисҳо (1603) теъдоде аз марказҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои бозаргонӣ дар соҳили Ҳинд таъсис доданд. Замони Бобуриён кӯшишҳое барои тараққии Ҳинд ба кор рафтанд, дар дарборашон олимону шоирон хидмат менамуданд, шукӯҳу шаҳомати қасрҳои сохтаашон ҳатто аврупоиҳоро ба ҳайрат оварданд. Бобуриён хусусан барои густариши забон ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар қаламрави Ҳинд хидмати арзанда намуданд.

Адабиёт[вироиш]

  • К.Э. Босворт. Мусульманские династии. Москва,1971;
  • تاریخ دولتهای اسلامی و خانه دانهای حکومتگر. ج۲. تهران، ۱۳۷۰

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]