Jump to content

Бода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шароби сурх ва шароби сафед

Бода, май, шароб (ар. شراب‎) — навъи нӯшидании масткунанда, ки нав аз хум гирифта шуда бошад.

Бода дар забони арабӣ ба номҳои мухталиф аз қабили хамр (аз ангур) ва набиз (ғайр аз ангур) ёд мешавад. Табибони бузурги форсу тоҷик аз қабили Закариёи Розӣ ва Абуалӣ ибни Сино дар пайравӣ аз дониши пизишкони юнонӣ ва таҷрибаҳои худ дар бораи таъсироти муфид ва ё зиёновари бода ба организми инсон, аз истифодаи муназзами он ва ба бархе хосиятҳои дармонии он дар шустушӯи захмҳо ишора намудаанд.

Дар Машриқзамин бода аз қадимайём маъмул буд. Арабистони давраи ҷоҳилия токзор ва хумхонаҳо дошт. Дар шаш ояи Қуръон ба истилоҳоте ба монанди «хамр» бода ( Бақара, 219; Моида 90-91; Муҳаммад 15; Юсуф 36, 41); «сакар» (Наҳл, 67) ба асароти нӯшидани он ишора шудааст. Бархе аз ин оёт бодаи Биҳиштро васф мекунанд, ки дар наҳрҳо ҷорӣ аст ва лаззатбахш аст. Аз зиёнҳои бодаи дунё чун мастӣ (Соффот, 47), ба гуноҳ водоштан (Тур, 23), зоил кардани ақл (Соффот, 47) зикр ёфтааст. Дар Қуръон хамр ба таври тадриҷӣ таҳрим шуда, охирин ояти, таҳрими он омадааст, ояти 90 сураи Моида мебошад.

бода дар тасаввуф ва ашъори ирфонӣ маъмулан дар шаклҳои мухталифе аз қабили «шароб», «хамр» ба маънои маҷозии он истифода шудааст. Аз садаи 14 баъзе шоирон дар ашъори худ байни маънии истилоҳоти шароб, май ва бода фарқияте қоил шудаанд. Асли мафҳуми бода дар таърихи тасаввуф ва марҳалаҳои рушди шеъри ирфонӣ, яъне чун муҳаббат ё ишқ ба парвардигор собит мондааст, вале бардоштҳо ва таъбироте, ки машоих ва шоирон аз муҳаббат, мартабаҳои он ва чигунагии падид омадани он кардаанд, тағйир ёфтаанд. Нахустин марҳалаи таҳаввули маъноии бода ба а.-ҳои 10-11 рост меояд, ки дар ин давра он ба маънои ирфонӣ ҳанӯз вориди шеъри форсӣ нашуда буд, вале истилоҳи арабии шароб ё хамр бо маънои ирфонӣ дар ашъори арабии аҳли тасаввуф фаровон ба кор бурда мешуд. Мафҳуми нави ирфонии шароб ё хамр бо пайдоиши истилоҳи сукр (мастӣ) ба миён омад. Сукр назди суфиён ҳоле аст, ки дар он ғалабаи муҳаббати Парвардигор ба инсон даст медиҳад ва тавоноии фарқ гузоштанро аз ӯ мегирад ва он монанди ҳолате аст, ки дар одамӣ бар асари майхорагӣ ва мастӣ падид меояд.

Қадимтарин намунаи корбурди бода ба маънои ирфонӣ дар осори Боязиди Бастомӣ дида мешавад. Аз садаи 12 машоихи суфия ва шоирон дар ашъори ошиқона ва хароботии худ ба ҷои мафҳумҳои шароб ва хамр аз истилоҳоти форсии бода ва май истифода намуданд.

Муҳаббате, ки суфиён дар оғоз аз он сухан мегуфтанд, муҳаббати байни инсон ва Парвардигор буд, аммо ишқи кайҳонӣ, яъне муҳаббати ҳама мавҷудот ба мабдаи офариниш на танҳо гузаштаи онро ба оғози офариниш расонид, балки доираи ошиқонро низ вусъат бахшид.

Дар адабиёти классикӣ бода дар шакли алоҳида ва бо таркибҳо (аз қабили бодагусор, бодакаш, боданӯш, бодапаймо, бодапараст, бодаранг, бодахона, бодахор, бодахоҳ ва ғайра) ниҳоят маъмул буд.

Агарчӣ бода фараҳбахшу бод гулбез аст,
Ба бонги чанг махӯр, ки муҳтасиб тез аст.
                                           Ҳофизи Шерозӣ
Камари кам аст аз камари мӯр ин ҷо,
Ноумед аз дари раҳмат машав, эй бодапараст!
                                              Ҳофизи Шерозӣ
Сунбул зи тоб рафтаву наргис ба хоби ноз,
Шаб то ба рӯз бодагусори кӣ будаӣ?
                                         Хусрави Деҳлавӣ

  • دهخدا. لغتنامه. ج۳. تهران، ۱۳۴۵.؛
  • محمد معین. فرهنگ فارسی.ج۱. ۱۳۵۸؛
  • پورجواد نصرالله. بادۀ عشق- سیرتاریخئ معنای عرفانئ باده یا می در شعر فارسی\\ نشر دانش. رقم۶۶. ۱۳۷۰.؛
  • همو: بادۀ عشق – پیدایش معنای مجازئ باده در شعر فارسی. نشر دانش. رقم۶۷. ۱۳۷۰.؛
  • دانشنامۀ جهان اسلام. ج۲.تهران، ۱۳۸۶