Бодиёни чинӣ
Намуди зоҳирӣ
| Бодиёни чинӣ | ||
|---|---|---|
| | ||
| Таснифи илмӣ | ||
| Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value. | ||
| Номи илмӣ | ||
|
ХАТО Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад |
||
| ||
Бодиён, бодиёни чинӣ (лот. Illicíum vérum) — дарахтест ҳамешасабз (то 10 м қад мекашад).
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баргаш нештаршакл (дарозиаш 4–9 см, бараш 1–3 см), чармгуни ҷилодор, бедандона. Гулаш дуҷинса, сафеди зардтоб. Мевааш ситорашакл (6–8-гӯша); аз он бӯйи анисун меояд. Аслан аз Хитой аст. Меваи бодиён хушбӯй буда, то 2% равғани эфир дорад.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Табибони халқӣ бо ҷӯшобаи он (2 – 3-қошуқӣ пеш аз тановул) дарди меъда, табларза ва рагкаширо табобат мекунанд. Ҷӯшоби бодиён (1:20) лӯндакирмҳоро мекушад. Дар амалияи тибби муосир равғани эфири бодиёнро барои беҳтар намудани таъму бӯйи дору истифода мебаранд; кори рӯдаро низ тақвият мебахшад, барои тайёр кардани атриёт зарур аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бодиён / М. Ҳоҷиматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.