Jump to content

Бодомдонак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бодомдонак — навъе аз зардолуҳои миёнапазаки маҳаллӣ; селексияи халқист.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарахташ ба зардолуи бодомӣ монанд буда, бештар хамидашох мешавад. Мевааш – калони гирда (вазнаш – 35–40 г), дар мобайн чоки сатҳӣ дорад. Пӯсташ – ғафси серпашмак, рангаш – сабзи зардча, тарафи офтобрасаш – сурхтоб. Гӯшташ – ғафс, зарди норанҷӣ, хамирак, сахт, камоби сершира, хуштаъм ва нордон. Думчамевааш – кӯтоҳи сахт. Донакаш – калон (вазнаш – 1,9 г), гирда, нӯгаш – борик, бештар ба сангбодом монанд аст; мағзаш калони сафедча, ширин. Баъди пурра пухтан дар таркиби мевааш 14,6–15,5% қанд, 1,3–1,5 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Давраи нашваш – 180–140 рӯз. Нимаи аввали март гул карда, нимаи июн мевааш мепазад. Барои хуб гардолуд шудани гули бодомдонак аз навъҳои зардолуи субҳонӣ ва кӯрисодиқӣ истифода мебаранд.

Ҳосилашро тар мехӯранд, мехушконанд, аз он зардолуобу мураббо тайёр мекунанд. Барои кашондан мувофиқ аст; меваи тару тозаашро 6–7 рӯз нигоҳ доштан мумкин. Ҳангоми хушконидан 39–42% ғӯлинг, 26–27% аштақ ва 24–25% баргак ҳосил мешавад. Дар заминҳои санглоху пуштакӯҳҳо ҳосили фаровон медиҳад. Дар заминҳои обӣ аз ҳар дарахти 18–20-солааш 120–150 кг ҳосил меғундоранд. Дарахтони бодомдонак, асосан, дар боғҳои куҳанбунёди ноҳияи Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, водии Ҳисор, вил-ҳои Самарқанду Фарғонаи Ӯзбекистон парвариш меёбанд. Ба касалиҳои доғзании баргу мева ва шилмшорӣ устувор аст.

  • Яковлев П. И. Сорта плодовых культур в Таджикской ССР. //Плодоводство Таджикистана. Сталинабад, 1948;
  • Помология Узбекистана. Ташкент, 1983.