Бодоми бухороӣ
Бодоми бухороӣ | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Amygdalus.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Prunus bucharica (Korsh.) B.Fedtsch. ex Rehder, 1915[1] | ||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||
|
Бодоми бухороӣ (лот. Prunus bucharica), талхакбодом — як навъ бутта ё дарахти меваи худрӯй.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баландиаш 6-7 м, қутри танааш 30-35 см. Пӯстлохи навдаҳояш хокистарранги тира, чокдор. Навдаҳои тарракаш пашмакдор. Баргаш дарозрӯя ё забоншакл (дарозиаш 3-6 см, бараш 2-2,5 см), пашмакдор, рангаш сабзи равшан ё тира, ҷилодор. Дарозии думчааш то 3 см. Муғҷаҳояш танҳо ё 3-5-тоӣ ҷой гирифтаанд. Аз байни дарахтони мева аз ҳама пеш гул мекунад. Гулаш (3,5-4,2 см) гулобӣ ё сурхи сиёҳтоб, думчааш кӯтоҳ. Мевааш донакдор, донакаш байзашакли суфта, ҷӯякдор, дорчинранги ҷилодор. Мағзаш талх, баъзан ширин; 47,40-49,19 % (бодоми кӯҳи Дарвоз то 55,31 %) равған, 2,0-2,3 % амигдалин дорад. Ба сабаби зиёд будани амигдалини таркибаш заҳрнок аст (дар натиҷаи таҷзияи он кислотаи хлорид ҳосил мешавад).
Густариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Бодоми бухороӣ дар Помиру Олой ва Тиёншони Ғарбӣ дар баландии 800—2500 м аз с. б. мерӯяд. Бодомзорҳо махсусан дар Тоҷикистони Марказӣ, нишебиҳои қ-кӯҳҳои Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Пётри I паҳн гардидаанд. Масоҳ. он 18000 га (аз рӯйи баъзе маълумоти дигар 400000 га)-ро ташкил медиҳад. Бодоми бухороӣ аз донак афзоиш меёбад. Барои он заминҳои оби зеризаминиашон чуқур мувофиқанд. Дарахташ камҳосил аст (300 г, баъзан то 1,5 кг ҳосил медиҳад). Ниҳоли бодоми бухороиро барои мустаҳкам намудани нишебиҳо, пешгирии эрозия истифода мебаранд. Ба он бодом, шафтолу ва олуро пайванд мекунанд. Мағзи бодоми бухороиро дар тиб ва атриёт ба кор мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Rastit. Turkest. 499
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Запрягаева В. И. Дикорастущие плодовые Таджикистана. М. — Л., 1964;
- Запрягаева В. И. Лесные ресурсы Памиро-Алая. Л., 1976;
- Силвандер В. Г. (ва диг.). Субтропические культуры Таджикистана. Д., 1989;
- Гулов С. М. Боғдории субтропикӣ. Д., 1998;
- Гулов С. М. Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон. Д., 2008.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бодоми бухороӣ / С. Гулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.