Бозии барқосо
Бозии барқосо, блитс (аз олм. олмонӣ: Blitz — барқ) — як навъи бозии шатранҷ, ки ҳангоми он бар хилофи бозиҳои маъмулӣ ва расмӣ (1-3 соат тӯл мекашад) барои ҳар тараф аз 3 то 5 дақ. вақт дода мешавад.
Қавонини ин бозӣ маъмулиянд, ба ҷуз чанд вижагии муқарраршуда. Нахустин мусобиқаи бозии барқосо дар яке аз клубҳои шатранҷи Лондон (1897) доир шудааст, ки он замон барои андеша ба ҳар гашт 30 с пешбинӣ мешуд. Такмили тадриҷии соатҳои шатранҷбозӣ ба низоми нави бозии барқосо мусоидат кард. Бисёре аз чемпионҳои шатранҷи ҷаҳон ва дигар номоварони ин ҳунар, аз қабили А. Алёхин, Х. Капабланка, Э. Ласкер, М. Тал, Т. Петросян, Б. Фишер ва дигарон дар бозии барқосо мумтоз буданд. Соли 1945 гроссмейстери амрикоӣ Райбен Файн дар баробари 4 тахта ба бозии ҳамзамонии чашмбаста нишаст (барои ҳар ҳаракат 10 с) ва бар ҳама, аз ҷумла бар гроссмейстари ояндаи шатранҷ Р. Брин пирӯз шуд. Роҷеъ ба аҳаммият ва арзиши бозии барқосо назари коршиносон мухталиф аст. Яке (мас., М. Тал) арзиши онро дар динамизм ва ҷаззобият бинад, дигаре (мас., М. Ботвинник) бозии барқосоро аз лиҳози бархурди эҷодӣ камсамар мешуморад. Бозии барқосо дар ҷаҳон равнақ дорад, дар чандин кишвар чемпионатҳои миллӣ доир мегарданд. Нахустин ғолиби чемпионати ғайрирасмии ҷаҳон оид ба бозии барқосо М. Тал мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозии барқосо // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.