Бозисоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Масъуд Озил (чап) бозисози «Реал Мадрид» дар ҳоли тарҳрезии як ҳамла

Бозисоз ё плеймейкер (англ. Playmaker) — дар футбол ба футболбозе гуфта мешавад, ки тарроҳ ва пайрезикунандаи аслии ҳамлаҳои тим аст ва маъмулан дар миёнаи майдон бозӣ мекунад[1]. Бозисозҳо дар маҳдудаи миёни майдон амали зиёде доранд[1] ва маъмулан аз назари тамошогарон ҷаззоб бозӣ мекунанд[2].

Дар хусуси ин, ки вазифаҳо ва хусусиёти як бозисоз чист, дар солҳои ахир назарҳои гуногуни зиёд вуҷуд дорад[3]. Маҳорати монанди пос додан, қудрати тасмимгирӣ, ҳуши тактикӣ, таҳаррук ва хунсардии тавъам аз вежагиҳоест, ки барои як бозисози хуб зикр мешавад[2]. Лозим ба зикр аст, замоне ки Хави Эрнандес дар бошгоҳи футболи «Барселона» ҳузур дошт. Ба вай лақаби "султони пос"-ро дода буданд. Зеро беҳтарин бозисозиҳоро анҷом медод.

Навъҳои бозисоз[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар гузашта бештар базигароне, ки вазифаи бозисозиро бар уҳда доштанд, ҳофбеки ҳуҷумӣ ё ба истилоҳ "шумораи 10"-и суннатӣ мегуфтанд[2]. Ба ин базигарон дар истилоҳи футболи Италия треквартиста (итол. Trequartista) ба маънои сечаҳорум гуфта мешавад. Дар солҳои ахир ин базигарон маъмулан вазифа доранд, то пушти сари муҳоҷим ба сурати муҳоҷими козиб ё муҳоҷими дувум англ. Second Striker тӯпро дар минтақаи ҳофбек партоб кунанд [4]. Зайниддин Зидон намунае аз чунин базигаронест[2].

Навъи модернтаре аз бозисозҳо, ки ҳамакунун роиҷ аст, базигароне ҳастанд, ки дар футболи Италия реҷиста (итол. Regista) ва дар англисӣ бозисози умқмеҳвар (англ. Deep-lying playmaker) номида мешаванд. Як реҷиста аз ҷое дар ақиби майдон, бозии тимашро мегардонад ва бояд тавоноии партоби посҳои кӯтоҳи зиёд (ва ҳамчунин саҳеҳ) дошта бошад[2]. Раҷиста вазифаҳои дифоъи бисёре дорад ва ниёз ба ҳимояти як ҳофбеки дифоъӣ қавӣ дар канори худ дорад. Намунаи чунин базигарон Андреа Пирло ва Хави ҳастанд[2].

Дар гузашта мақоми свиперлиберо) дар футбол роиҷ буд, ки гоҳе ин бозигарон нақши бозисозро ифо мекарданд[4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Eva Lavric, ed. The Linguistics of Football. vol. 38. Language in performance. BoD – Books on Demand, 2008. 66. ISBN ‎3823363980, 9783823363989.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 The Regista And the Evolution Of The Playmaker - Football Analysis(англ.), Football Analysis (5 July 2013). Бойгонӣ шудааст 7 ноябри 2019  сол. Проверено 25 июни 2018.
  3. Jonathan Wilson. The Question: How is the playmaker role changing? | Jonathan Wilson(англ.). the Guardian (4 April 2013). 25 июни 2018 санҷида шуд.
  4. 4.0 4.1 Jaime Orejan. Football/Soccer: History and Tactics. McFarland, 2011. 109, 121, 238. ISBN ‎0786485663, 9780786485666.