Бозичасозӣ
Бозичасозӣ (порсӣ: بازیچسازی ) – ро дар баъзе навоҳӣ «аъҷубасозӣ» низ мегӯянд. Бозичаҳо пеш аз ҳама барои саргармӣ ва машғул доштани кӯдакон сохта мешаванд. Бозичаҳое, ки кӯдакони тоҷик дар гузашта бозӣ мекарданд, ҳам табиӣ (буҷул, чӯбча, сангча...) ва ҳам дастсохт (шақшақа, занҷирак, бодфирак, ғиррак...) буданд. Бозичаҳо мувофиқ ба синну соли кӯдак сохта мешуданд. Барои атфол ба дастаи гаҳвора тӯмор ва муҳраву сангҳои чашмӣ мебастанд, то ки тифл ба бозии онҳо андармон шавад. Вақте ки тифл калонтар ва заминшин шуд, ба дасти ӯ занҷирак (занҷироқ) ва шақшақа медоданд. Шақшақа навъҳои гуногун дошт. Онро бештар аз чӯбкадуи хурди андозааш баробар ба нок тайёр мекарданд. Даруни онро пок карда, ба он донаи худи чӯбкаду ё сангча меандохтанд ва даҳонашро мебастанд. Инчунин дар деҳоти водии Зарафшон аз гил қуттича сохта дар он сангчаҳоро ҷой мекарданд ва бозичаро дар оташ ба мисли маснуоти кулолӣ мепухтанд. Бо ин роҳ бозичаҳои зиёде аз гили пухта тайёр мешуданд. Махсусан, ҳуштакҳо, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, зарфчаҳои кӯдакона ва ғайра. Бозичаи дигар «ғиррак» ё «ғирғирак» ном дошт, ки чархи онро аз ҷойи ҳамвори чӯбкаду ва тирашро аз чӯби одӣ месохтанд. Нӯги чӯбро тез карда, сеяки онро аз мобайни чарх гузаронида, устувор карданд. Аз дастаки он гирифта, бо ду каф тоб медоданд ва ғирғирак башаст тоб мехӯрд. Ҳуштакҳоро аз гили хом ва пухташуда, аз чӯбу пояи алафҳо, аз донаки зардолу ва дигар меваҳо низ тайёр мекарданд. Кулолон ҳуштакҳоро ба сурати паррандагону ҳайвоноти хонагӣ ва махлуқони дигар, масалан, аждаҳо, месохтанд ва баъд аз пухтан дар оташ онҳоро рангубор медоданд, инчунин баъзеашонро сир медавонданд.
Яке аз бозичаҳои маъмулӣ тӯб буд, ки онро «ҳаппак», «тӯп» ва «туф» низ меномиданд. Тӯбро аз латтапораҳо бо риштаву ресмонҳо медӯхтанд. Дар баъзе хонаводаҳои доро барои кӯдаконашон аз матоъи абрешим ва риштаҳои ранга тӯб месохтанд. Тӯбҳоро барои кӯдакон духтаракони наврас ва ҷавондухтарон бештар тайёр мекарданд. Дар Яғноб бачаҳо аз пашми чорпоёни хонагӣ ба андозаи чормағз тӯбчаҳо месохтанд, ки онро «калтуф» меномиданд. Чунин тӯбчаҳои пашмин дар деҳоти водии Ҳисору Зарафшон ва дигар ҷойҳо низ роиҷ буд. Бачаҳои синни миёна, маъмулан, то нуҳ-даҳсолагӣ бо бозичаҳо бозӣ мекунанд. Пас аз ин онҳо ба бозиҳои серҳаракти варзишӣ машғул мешаванд. Барои бозиҳои серҳаракати варзишӣ васоити мухталиф ба монанди арғамчин, чӯб, санг, чормағз, буҷул, тӯб ва ғайра лозим мешаванд. Дар байни бачаҳои синни даҳ-дувоздаҳсола сохтан ва бозӣ кардан бо аслиҳаҳои чӯбин, ба монанди корду шамшер, камон ё ғулаккамон маъмул буд. Камонро бачаҳо аз чӯби рост, ресмон ва порчаи чарм ё латтаи дурушт месохтанд. Ба ҷойи тир сангчаҳоро ба кор мебурданд. Инчунин аз ресмони пашмин ва матоъи сахт фалахмон месохтанд, ки бо он санг ҳаво дода, паррандагонро аз заминҳои ғалла дур мекарданд. Дар байни духтарон лухтак ё зочабозӣ бештар маъмул буд. Лухтаки оддитаринро аз ду чӯбча сохта, ба он порчаҳои хурди матоъҳоро ҳамчун курта мепечониданд ва ба сараш монанди рӯймол мепӯшониданд. Баъзан ба ҷойи калла ба он тугма ё ягон ашёи хурди даврашаклро мегузоштанд ва аз болои он ба таври салиб ришта мепечониданд, ки дар натиҷа нақши ромбшакле дар рӯйи лухтак ба вуҷуд меомад. Мӯйи лухтакро, одатан, аз риштаи сиёҳ, торҳои ёли асп ва пашми чорпоён тайёр мекарданд. Лухтакҳои нисбатан мураккаби бозингарро аз чӯб, ресмон, матоъ месохтанд, ки ду дасташ аз китф бо ресмон пайванд шуда буд. Вақте ки лухтакро ба даст гирифта, ресмонро кашанд, дастҳои он болову поён шуда, ба рақс медаромад. Ба лухтакҳо куртаву пойҷома, рӯймол пӯшонида, ба гарданаш ҳамели муҳра меовехтанд. Ба лухтаки мардона, ки дар бозӣ бештар вазифаи домодро иҷро менамуд, ҷомаву салла ва миёнбанд таҳия мекарданд. Устоҳои дуредгар барои духтарбачагон гаҳворачаҳо месохтанд, баъзан онҳоро кандакорӣ вав нақшу нигор менамуданд. Аммо баъзе бачагони оилаҳои камбизоат аз гил гаҳвора месохтанд ва онро дар офтоб хушк мекарданд, бархе онро дар оташ пухта ба сафол табдил медоданд.
Аъҷубасозӣ як бахши ҳунари кулолӣ аст, ки ба сохтани бозичаҳои гилӣ ва сафолӣ марбут аст. Устоҳои аъҷубасоз гилро аз ҷойҳои махсус оварда, дар офтоб хушк мекарданд ва пас аз хушк шудан онро кӯфта, бо об лой мешӯриданд. Пас аз батакрор зер кардан ва хобонидан лой часпак шуда, барои бозичасозӣ мувофиқ мегашт. Усто аз он аъҷубаҳои гуногун ба сурати одамчаҳо, аспу саг, гову буз, аждаҳо ва инчунин шамъдону гулдон ва ғайра сохта дар ҷойи соя хушк менамуданд. Сипас дар танӯри махсуси аъҷубапазӣ бозичаҳоро дар оташи паст дар давоми як шабонарӯз мепухтанд. Фардояш бозичаҳоро аз танӯр берун оварда, сир медавониданд ва рангубору ороиш медоданд. Ҳунари аъҷубасозӣ имрӯзҳо дар Қаратоғ, Истаравшан ва баъзе ҷойҳои дигар камубеш идома дорад. Дар замони муосир роҳу равишҳои бозичасозии суннатӣ тақрибан аз байн рафта, ҷойи онро технологияи нав гирифтааст. Ҳоло ба истеҳсоли бозичаҳои гиливу чӯбин эҳтиёҷ намондааст ва бозору фурӯшгоҳҳо ҳама пур аз бозичаҳои пластикиву филлизӣ гаштааст.[1][2]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966;
- Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984.
- Турсунов Н. Из истории городского ремесла северного Таджикистана (Ткацкие промысли Ходжента и его пригородов в конце XIX – начале XX вв.). – Душанбе, 1974