Jump to content

Бозиҳои ғоибона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозиҳои ғоибона — чанд навъ аз мусобиқаҳои шатранҷ, ки ширкатдорони он дар фосилаи муайяне аз ҳам қарор доранд ва онҳо бо истифода аз кумаки ин ё он васоити мухобира бо ҳам бозӣ мекунанд. бозиҳои ғоибона бар чанд навъанд:

  • бозии мукотибаӣ
  • мусобиқа аз тариқи телеграф
  • мусобиқаи телефонӣ
  • мусобиқаи радиоӣ

Дар қиёс бо шатранҷи маъмулӣ дар бозиҳои ғоибона назорати қатъии замон (барои андеша ба ҳар ҳаракат на соат, балки рӯзҳо дар назар аст) сарфи назар шудааст; дар ҷараёни бозӣ пешу пас рондани муҳраҳо, истифода аз қомуси адабиёти шатранҷ ва ғ. иҷозат дода мешавад. бозиҳои ғоибона воситаи муҳиммест барои такмили маҳорати бозигар, бавижа дар баррасии мавқеъҳо ва омӯзиши назарияи дебютҳо.