Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бозии мукотибаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозии мукотибаӣ — яке аз навъҳои хеле маъмули бозиҳои ғоибона дар шатранҷ, ки ҳарифон гаштҳои худро бевосита аз тариқи почта ирсол медоранд. Бозии мукотибаӣ бори нахуст соли 1694 дар китоби шарқшиноси англис Т. Хайда «Дар боби бозиҳои шарқиён» ёдоварӣ шудааст. Ӯ менависад: «Шунидам бозаргонони венетсиягию хорватӣ, ки дар дуриҳои дур аз ҳам зиндагӣ доранд, байни худ бо кумаки мукотиба шатранҷ мебозанд». Ж. Ж. Руссо дар романи хеш — «Омурзиш» (1782-89) пиромуни ин бозӣ ёдоварӣ кардааст.

Дар асри 19 дар байни дастаҳо (мас., Лондон ва Эдинбург, 1824-28; Маскав ва Петербург, 1978-79) ва низ афрод мусобиқаҳо ба воситаи мукотиба барпо мегардид. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 шатранҷбозони Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Африқо низ ба бозии мукотибаӣ рағбат пайдо карданд. Бозиҳои бузурги байналмилалӣ доир гардиданд. Соли 1928 Иттиҳоди байналмилалии шатранҷи мукотибаӣ (аз соли 1951 Федератсияи ҷаҳонии шатранҷи мукотибаӣ) таъсис ёфт. Аз он замон чемпионатҳои ҷаҳон ва инчунин мусобиқаҳои олимпӣ байни дастаҳо доир мегарданд. Нахустин финали чемпионати ҷаҳон оид ба шатранҷи мукотибаӣ соли 1950 баргузор шуд. Аз соли 1951 то ин дам 21 мусобиқаи финалӣ созмон дода шудааст, ки 18-тои он бо комёбӣ анҷом ёфт. Чемпионати ҷаҳон оид ба бозии мукотибаӣ миёни занон аз соли 1968 ин ҷониб роҳандозӣ шудааст, ки то имрӯз 8 бозии ниҳоӣ (финал)-и он анҷом ёфтааст. Аз соли 1949 Олимпиадаи бозии мукотибаӣ барпо мешавад. То ин дам 17 олимпиада доир гардидааст. Дар ҳайати дастаҳо ба намояндагии ҳар кишвар 6 тахта барои мардон ва 4 тахта барои занон дохил шудааст.

Чемпионати чахон оид ба шохмѻт байни мардон

[вироиш | вироиши манбаъ]
#СолхоЧемпионМиллат
01.1950-1953Сесил Пурди Австралия
02.1956-1959Вячеслав Рагозин ИҶШС
03.1959-1962Алберик О'Келли Белгия
04.1962-1965Владимир Загоровский ИҶШС
05.1965-1968Ханс Берлинер ИМА
06.1968-1971Хорст Риттнер Олмон
07.1972-1976Якоб Ӡстрин ИҶШС
08.1975-1980Ҷорн Слот Денмарк
09.1977-1983Тону Оим ИҶШС
10.1978-1984Витас Палчаускас ИМА
11.1983-1989Фриц Баумбах Олмон
12.1984-1991Григорий Санакоев ИҶШС
13.1989-1998Михаил Уманский Русия
14.1994-2000Тону Оим Эстония
15.1996-2002Герт ТиммерманНидерланд
16.1999-2004Тунч Хамарат Австрия
17.2002-2007Ивар БернНорвегия
18.2003-2005Ҷооп ван ОстеромНидерланд
19.2004-2007Кри стоф ЛеортардФранџия
20.2004-2011Пертти ЛехикойненФинляндия
21.2005-2008Ҷооп ван ОстеромНидерланд
22.2007-2010Александр Дронов Русия
23.2007-2010Ульрих Стефан Олмон
24.2009-2011Маржан Семри Словения
25.2009-2013Фабио Финоккиаро Итолиё
26.2010-2014Рон ЛангвелдНидерланд
27.2011-2014Александр Дронов Русия
28.2013-2016Леонардо Любичич Хорватия
292015-2018Александр Дронов Русия
302017-2019Андрей Кочемасѻв Русия
312019-2022Фабиан Сҭанах,
Кристиан Мук,
Рон Лангвелд
Польша
 Австрия
Нидерланд
322020-2022Ҷон Здвардс ИМА

Бозиҳои олимпӣ барои дастаҳои мардона

[вироиш | вироиши манбаъ]
#CoлxoTиллoӣнyқpaБpoнзa
01.1949-1952 Венгрия 25Чexocлoвaкия 20Швeция 19½
02.1952-1955Чeoxcлoвaкия 27½Швeция 27½ Олмон 27
03.1958.1961 ИҶШС 35½ Венгрия 32½Югocлaввия 32
04.1962-1064 ИҶШС 36Гepмaнияи Дeмoкpaтии 28½Швeция 27½
05.1965-1968Чexocлoвaкия 31½ ИҶШС 30Гepмaнияи Фeдepaтивй 29½
06.1968-1972 ИҶШС 38Чexocлoвaкия 28½Гepмaнияи Дeмoкpaтии 25½
07.1972-1976 ИҶШС 35½ Булғористон 30 Подшоҳии Муттаҳида 29½
08.1977-1982 ИҶШС 46½ Венгрия 44 Подшоҳии Муттаҳида 41½
09.1982-1987 Подшоҳии Муттаҳида 33½Гepмaнияи Фeдepaтивй 30 ИҶШС
10.1987-1995 ИҶШС 34Aнглия 33½Гepмaнияи Дeмoкpaтии 33½
11.1992-1999Чeкocлoвaкия 45½
 Олмон 45½
 Канада 40
Шoтлaндия 40
12.1998-2004 Олмон 47½ Литва 42½ Латвия 42½
13.2004-2009 Олмон 38 Ҷумҳурии Чех 34½Пoлъшa 32
142002-2006 Олмон 45½ Литва 39½ ИМА 36
152006-2009Hopвeгия 48 Олмон 47Hидepлaнд 46½
162010-2016 Ҷумҳурии Чех 33½ Олмон 28½Фpaнԥия 26½
172009-2012 Олмон 44½ Испания 43½ Итолиё 39½
182012-2016 Олмон 41½ Словения 41 Испания 39
192016-2021 Булғористон 27 Олмон 26½ Ҷумҳурии Чех 26½
202016-2019 Олмон 39½ Русия 39½ Испания 39
212020-2023 Олмон 38 Люксембург 37 ИМА 37