Jump to content

Саховат (бозор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бозори «Саховат»)

«Саховат» (кӯчаи Фирдавсӣ, 61) — яке аз бозорҳои болопӯшида дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Соли 1987 бунёд гардидааст (меъмор А. Г. Толстенко, муҳандисон А. А. Уйбо, Г. М. Шербинина, технолог Ю. Е. Ерошенко). Масоҳаташ — 1,3 га, ҷойи фурӯши молҳо — 250. Масоҳати толори бозор — 1800 м². Дар қисмати ҷанубу ғарбии боғи Дӯстии халқҳо, дар чорроҳаи кӯчаҳои Фирдавсӣ ва Неъмат Қаробоев воқеъ аст. Намои асосии бино рӯ ба ҷониби хиёбони Неъмат Қаробоев дорад (вурудгоҳи асосии бозор аз ҳамон тараф мебошад). Дар ҳудуди сабзазоршуда ва ободи бозор ҳавзу соябонҳо, харакҳо, қароргоҳ барои автомошинаҳо, чойхона, пул (аз болои канали пуроб) ва ғайра сохта шудаанд. Бинои бозор дар маҷмӯъ аз се блоки алоҳидаи «П»-шакл иборат аст. Ду блоки паҳлуӣ якошёна (баландиаш 6,92 м), блоки мобайнӣ дуошёна мебошад. Ҳар се блок ба якдигар пайвастанд. Харидорон ба фурӯшгоҳ аз чор тарафи бозор даромада метавонанд; бор кардану фуровардани молҳо аз тарафи ҳавлии бозор сурат мегирад. Аз сабаби мавҷудияти ду толори фурӯш ҷойи савдои маҳсулот ба анвоъ ҷудо карда шудааст; дар як толор маҳсулоти кишоварзӣ, дар толори дигар фурӯши гулу рустаниҳо ба роҳ монда шудааст. Дар бозор нуқтаҳои хидматрасонӣ ва дукону мағозаҳо вуҷуд доранд.