Бозорқалъа
Зоҳир
Бозорқалъа — ёдгории давраи биринҷӣ дар поёноби рӯди Ому, мансуб ба асрҳои 15-12 то милод.
Бозёфтҳои бозорқалъа дар бораи бо зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул будани қабилаҳои маҳаллӣ маълумот медиҳанд. Дар ҳамин ноҳия бошишгоҳҳое ба бозорқалъа монанди Ёнбош — 6, Бозор — 2 ва 3, Кӯкча — 2 тадқиқ шудаанд. Ин ёдгориҳои маданияти Сюрғол бо номи бозорқалъа машҳуранд. Омӯзиши ёдгориҳои бозорқалъа дар хусуси робитаҳои иқтисодӣ ва мадании қабилаҳои чорводории шимол ва муносибатҳои онҳо бо деҳқонони ҷануби Хоразми қадим маълумот медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бозорқалъа // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |