Бозорӣ (навъи ангур)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозорӣ — як навъ ангури пешпазаки маҳаллӣ; селексияи халқист.

Токаш серҳосил, 32-34 дарсади навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш гирдаи панҷпарра, камчоки бепашмак, рангаш сабзи баланд. Аввали май гул карда, аввали июн мепазад. Гулаш дуҷинса, хӯшааш миёнаҳаҷми махрутшакл (дарозиаш 16 см, бараш 12 см), вазнаш 156—189 г. Ғужбаш миёнаҳаҷми лӯнда, сиёҳи бунафш, 1-2 дона тухм дорад. Ғужмаш тунуки чандир, мумпардааш ғафси сафедтоб; гӯшташ хамирак ё чандир, сершираи хуштаъм. Дар таркибаш 19-22 % қанд ва 3,6-4,1 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Дар заминҳои санглоху шӯрхок низ ҳосили баланд (аз 1 га 100—120 сентнер) медиҳад. Давраи нашваш 93-95 рӯз.

Асосан дар қитъаҳои ҳаётаи сокинони ноҳияи Панҷакент, ҳамчунин дар вилояти Самарқанд ва водии Фарғонаи Ҷумҳурии Узбакистон вомехӯрад. Ба сармо тобовар аст, аз касалии гарда каму беш зарар мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]