Бой
Бой — шахси доро ва сарватманде, ки дар ҷомеа нуфузу эътибор ва мавқеи хосса дорад.
Одатан шахсонеро бой меномиданд, ки барои зисту зиндагӣ сарвати кофӣ ва сармояи афзун дошта, аз ҷиҳати иқтисодию молиявӣ танқисӣ намекашиданд. Бойҳо дар ихтиёри худ замину чорво, молу мулк, дукону нуқтаҳои савдо ва дигар навъҳои сарват дошта, чоряккорону муздурон, коргарону хидматгорон ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеаро бар ивази додани музд ё дигар маводди зарурии зиндагӣ кор мефармуданд. Бойҳо дар аҳди Шӯравӣ нуфузу эътибори иҷтимоиашонро бохта, ҳамчун табақаи сарватманд ва истисморгар ба таъқибу маҳдудкуниҳо гирифтор шуданд. Истилоҳи «кулак» низ дар давраи сиёсати коллективонии хоҷагии қишлоқ падид омада, маънии табақаи сарватмандонеро дошт, ки аз истисмори қувваи кории коргарони кироя, чоряккорону батракон, иҷора додани замин ва чорвои корӣ, олоту ускунаҳои деҳқонӣ, инчунин тиҷорату судхӯрӣ фоида медиданд. Дар Тоҷикистони аҳди Шӯравӣ истилоҳи бой ба маънии табақаи кулакҳо, савдогарону заминдорон истифода мешуд, ки аз ҳисоби истисмори чоряккорону муздурон манфиат мебардоштанд. Дар солҳои таъқиботу кулаккунӣ даҳҳо ҳазор бойҳо бадарға ва ҳабс гардида, сармояву замин ва чорвои кории онҳо ба сифати моликияти хоҷагиҳои коллективӣ ситонида шуданд.
Дар лаҳҷаҳои мухталифи туркӣ бой баробари шахси сарватманд инчунин маънии каси дорои мансабу мақоми давлатиро ифода мекард. Дар Туркия вазирро баъзан бой меномиданд. Аз ин рӯ, бой ҳамчун муродифи ҳокиму амир дар қаламрави туркҳои Усмонӣ истифода гардидааст. Мас. Ба волиёни Тунис ва Алҷазоир, ки аз ҷониби султонҳои Усмонӣ таъйин мегардиданд, унвони бой дода мешуд. Баъди ба сари қудрат омадани сулолаи Ҳусайниён дар Тунис (1705) бой чун лақаби амир ва фармондеҳони низомии Усмонӣ маъмул гардида, айни ҳол ба фарзандони подшоҳону ашрофзодаҳо низ унвони бой дода мешуд. Истилоҳи бойбача низ чун фарзанди ашрофзодаву сарватманд ба ин маънӣ қаробат дорад. Дертар бой ба як ҷузъи номи шахсии одамон табдил ёфта, чун нишони эҳтирому соҳибнуфузӣ корбаст мешуд. Мас. Бойбобо, Бойбибӣ, Аҳмадбой, Каримбой ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бой / Р. Раҳмонӣ, бой Абдураҳмонов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.