Бойсунтоғ
Зоҳир
Нуқтаи баландтарин | |
---|---|
Баландии мутлақ | 3 251 м |
Макон | |
Бойсунтоғ (ӯзбекӣ: Boysuntog') — кӯҳ дар Узбакистон. Шохаи ҷануби ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор.
Бахшгоҳи рӯдҳои Сурхон ва Шеробод. Аз шимоли шарқ ба ҷануби ғарб ба масофаи 150 км тӯл кашидааст. Баландиаш ба ҳисоби миёна 3000-3400 м, нуқтаи аз ҳама баланди он 4424 м. Бойсунтоғ аз оҳаксанг, регсанг, гил, гнейс, варақсанг, гранит ва гранодиорит таркиб ёфтааст. Аз Бойсунтоғ Қайроқсой, Гуматоксой, Шоҳтутсой, Қизилсой, Шӯрчаоб ва Фалғар барин рӯдҳои пуроб ҷорианд. Дар баландии 800—1200 м рустаниҳои нимбиёбонӣ мерӯянд, аз он болотар арчазор ва марғзори алпӣ воқеъ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бойсунтоғ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.