Ӯзбекистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Узбакистон)
Jump to navigation Jump to search
Ӯзбекистон
ӯзбекӣ: O‘zbekiston Respublikasi
Ўзбекистон Республикаси
Парчам Нишон
Узбекистан на глобусе.svg
Шиор: «Kuch adolatdadir! (Куч ба адолат!)»
Суруди миллӣ: «O`zbekiston Respublikasi Davlat Madhiyasi» (слушать )
Рӯзи истиқлолият (аз Иттиҳоди Шӯравӣ,
31 августи соли 1991)
Забони расмӣ ӯзбекӣ
Пойтахт Тошканд
Шаҳри калонтарин Тошканд, Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ
Идораи давлат Ҷумҳурӣ
Президент Шавкат Мирзиёев
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
56-ум ҷой дар ҷaҳон
447,400 км²
4.9 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Зичӣ
41-ум ҷой дар ҷaҳон
32,979,000
73,0 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2017)
  • Ба сари аҳолӣ
62-ум ҷой дар ҷaҳон
$222,792 миллиард $
$7023 $
Пули миллӣ сўм
Интернет-Домен .uz
Коди телефон +998
Соат UTC +5

Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимоли-шарқ, шимол ва шимоли-ғарб бо Қазоқистон, дар ҷануби-ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷануби-шарқ бо Тоҷикистон ҳамсарҳадӣ мекунад. Пойтахт ва калонтарин шаҳри кишвар — Тошканд (аҳолиаш 2 миллион 300 ҳазор мардум). Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нукус, Фарғона, Қаршӣ.

Дар Ӯзбекистон аз 32 миллион зиёдтар мардум зиндагони мекунад (2017). Забони давлатии ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад.

Таърих

Мақолаи асосӣ: Таърихи Ӯзбекистон


Дар садаи даҳуми милодӣ, сарзамини кунунии Ӯзбекистон, ҷузъе аз қаламрави Сомониён буд. Пас аз Сомониён, Ӯзбекистон ба тартиб, таҳти ҳукумати Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, муғулҳо, Темуриён ва хонҳои ӯзбек буда аст. Дар садаи 19 милоди ғарб ва шимоли Ӯзбекистон зери итоати хонигарии Хева ва ҷануби Ӯзбакистон зери салтанати аморати Бухоро буд. Хонигарии Хева дар соли 1877 зери султаи Русия даромад.

Баъди Истиқлолият

31 августи соли 1991 ин кишвар ба номи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзб. Ўзбекистон Республикаси) истиқлолияти худро эълон кард. 1 сентябри соли 1991 — рӯзи истиқлолияти ин кишвари дӯсту бародар.

18 ноябри соли 1991 парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда шуд, 2 июли соли 1992 нишони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда шуд, ва 10 декабри соли 1992 суруди давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда шуд.

29 декабри соли 1991 Референдум дар бораи истиқлолияти Ӯзбекистон гузашт. Дар ин референдум, 98,3 % овоздиҳон тарафдори истиқлолияти кишвару ватанашон Ӯзбекистон шуданд. Ҳамун рӯзи 29 декабри соли 1991 дар Ӯзбекистон якӯмин интихоботи президентӣ гузашт. Дар ин интихобот Ислом Каримов аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон аксари овози овоздиҳонро (87,1 %) гирифт ва президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд. Ҷои дуюмро Салай Мадаминов аз Ҳизби демократии «Эрк» гирифт (12,5 %).

4 январи соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи беловежиро дар бораи барҳамдиҳии СССР ва барпокунии ИДМ ратификатсия кард. 2 марти ҳамун сол Ҷумҳурии Ӯзбекистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) шуд. 8 декабри ҳамун сол Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда шуд.

15 ноябри соли 1993 дар Ӯзбекистон барориши пули сӯм-купон сар шуд. Сӯм-купон ҷои рублҳои СССР ва Русияро гирифт. 1 июли соли 1994 Ӯзбекистон пули миллии худро ба номи Сӯм қабул кард. Сӯм — то ҳоло пули миллии ва расмии ин кишвар мебошад.

25 декабри соли 1994, 8 ва 22 январи соли 1995 дар Ӯзбекистон интохоботи порлумонӣ шуда гузашт. Ин якӯмин интихоботи порлумонӣ дар Ӯзбекистони мустақил буд. Аксари овоздиҳон овози худро ба Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон доданд. Интихоботи порлумонии навбатӣ 5 декабри соли 1999 шуда гузашт. Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон боз аксари овози овоздиҳонро (49 овоз) гирифт ва бузургтарин ҳизби сиёсии кишвар шуд. Ҷои дуюмро Ҳизби демократии миллии «Фидокорон» гифирт (34 овоз), ҷои сеюмро Ҳизби «Тараққиёти Ватан» (20 овоз), ҷои чорӯмро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (11 овоз), ва ҷои панҷӯмро Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (10 овоз) гирифт.

Президенти аввалини Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

26 марти соли 1995 дар Ӯзбекистон Референдум дар бораи муддати президентӣ гузашт. 9 январи соли 2000 Интихоботи президентии навбатӣ гузашт. Ислом Каримов 95,7 % овози овоздиҳонро гирифт ва боз президенти Ӯзбекистон шуд. Абдулҳафиз Ҷалолов 4,3 % овозҳоро гирифт.

27 январи соли 2002 дар ин кишвар гузашт Референдуми Конститутсиявӣ дар бораи ҷорӣ кардани порлумони дупалатагӣ ва дароз кардани муддати президентӣ аз 5 сол то 7 сол.

26 декабри соли 2004 ва 9 январи соли 2005 Интихоботи порлумонии навбатӣ дар Ӯзбекистон шуда гузашт. Ин дафъа овози аксари овоздиҳонро Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон гирифт (41 овоз). Ҷои дуюмро Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (28 овоз), ҷои сеюмро Ҳизби демократии миллии «Фидокорон» (18 овоз), ҷои чорӯмро Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (11 овоз) ва ҷои панҷӯмро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (10 овоз) гирифт.

23 декабри соли 2007 Интихоботи президентии навбатӣ гузашт. Аксари овоздиҳон овози худро ба президент Ислом Каримов доданд (90,76 %). Дигар овозҳоро ба Аслиддин Рустамов (3,27 %) аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Дилором Тошмуҳамедова (3,03 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», ва бепартиявӣ Акмал Саидов (2,94 %) гирифтанд.

27 декабри соли 2009 ва 10 январи соли 2010 Интихоботи порлумонии навбатӣ дар ин кишвар шуда гузашт. Боз овози аксари овоздиҳонро Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон гирифт (53 овоз). Ҷои дуюмро Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (32 овоз), ҷои сеюмро Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (31 овоз), ҷои чорӯмро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (19 овоз), ва ҷои панҷӯмро Ҳаракати экологии Ӯзбекистон (15 овоз) гирифт.

29 марти соли 2015 Интихоботи президентии навбатӣ гузашт, ва дар ин интихобот боз Ислом Каримов овози аксари овоздиӣонро гирифт (90,39 %) ва президенти Ӯзбекистон шуд. Дигар овозҳоро Акмал Саидов (3,08 %) аз Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ», Ҳотамҷон Кетмонов (2,92 %) аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон ва Наримон Умаров (2,05 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» гирифтанд.

Раиси Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматулло Йӯлдошев

21 декабри соли 2014 ва 4 январи соли 2015 Интихоботи порлумонии навбатӣ дар Ӯзбекистон шуда гузашт. Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон боз аксари овози овоздиҳонро гирифт (52 овоз) ва боз бузургтарин ҳизби сиёсии ин кишвар шуд. Ҷои дуюмро ин дафъа Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» (36 овоз) гирифт. Ҷои сеюмро Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (27 овоз), ҷои чорӯмро Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» (20 овоз), ва ҷои панҷӯмро Ҳаракати экологии Ӯзбекистон (15 овоз) гирифт. Ин интихоботи порлумонӣ то ҳоло охирин интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар мебошад. Интихоботи порлумонии оянда дар ин кишвар солҳои 2019/2020 мегузарад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

2 сентябри соли 2016 президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 78-солагӣ дар Тошканд аз олам даргузашт. Ҷанозаи президент дар шаҳри модарии Ӯ, дар шаҳри Самарқанд гузашт, ва президенти якӯми Ӯзбекистон дар масҷиди Ҳазрати Хизр дар шимол аз маркази шаҳри кӯҳнаи Самарқанд дафн карда шуд. Дар ҷанозаи Ислом Каримов президентҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарвазирон (ҳамчунин сарвазири Русия), ноиби-сарвазирон, вазирон ва дигар меҳмонҳои олӣ аз кишварҳои гуногун иштирок кардаанд. Баъди марги Ислом Каримов вазифаи президентӣ ба спикери (раиси) Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматулло Йӯлдошев гузашт. 8 сентябри соли 2016 дар маҷлиси якҷояи ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Йӯлдошев худрадкунӣ аз ин вазифа кард. Ӯ гуфт, ки, барои идоракунии давлат таҷриба надорад, ва ин вазифаро ба мардуми ботаҷриба мехоҳад диҳад. Ва дар он маҷлис, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вазифаи президенти муваққати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин шуд. 4 декабри соли 2016 дар Ӯзбекистон Интихоботи президентии ғайринавбатӣ гузашт. Дар ин интихобот овози аксари овоздиҳонро (88,61 %) Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон гирифт ва президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд. Ҷои дуюмро Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон гирифт (3,73 %). ҷои сеюмро Наримон Умаров (3,46 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва ҷои чорӯмро (2,35 %) Сарвар Отамуродов аз Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» гирифт. Интихоботи президентии оянда дар ин кишвар дар соли 2021 мегузарад.

Сиёсату ҳукумат

Бахшбандии кишварӣ

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Ӯзбекистон

Ӯзбекистон иборат аз 12 вилоят, 1 ҷумҳурии мухтор ва як шаҳри асоси дорад.

Uzbekistan provinces numbered.svg
  1. Шаҳри Тошканд (1)
  2. Вилояти Андиҷон (2)
  3. Вилояти Бухоро (3)
  4. Вилояти Фарғона (4)
  5. Вилояти Ҷиззах (5)
  6. Вилояти Xоразм (13)
  7. Вилояти Намангон (6)
  8. Вилояти Навоӣ (7)
  9. Вилояти Қашқадарё (8)
  10. Вилояти Самарқанд (9)
  11. Вилояти Сирдарё (10)
  12. Вилояти Сурхондарё (11)
  13. Вилояти Тошканд (12)
  14. Ҷумҳурии Қарақалпоқистон (14)
Калонтарин шаҳрҳои Ӯзбекистон (аҳолӣ беш аз 100 000)
Шаҳр Аҳолӣ
1.07.2001[1]
Аҳолӣ
1.01.2014[2]
Тошканд 2 137,2 2 352,9
Самарқанд 361,3 509,0
Намангон 391,3 475,7
Андиҷон 338,4 403,9
Нукус 212,0 295,2
Бухоро 237,4 272,5
Фарғона 183,0 264,9
Қаршӣ 204,7 254,6
Қӯқанд 197,5 233,5
Марғилон 149,6 215,4
Ангрен 128,8 175,4
Ҷиззах 131,5 163,2
Чирчиқ 141,7 149,4
Урганч 138,6 137,3
Термиз 116,5 136,2
Навоӣ 138,1 134,1
Олмалиқ 113,1 121,1
Хӯҷайлӣ н.д. 104,5
Деҳнав н.д. 104,4
Бекобод н.д. 101,2
Шаҳрисабз н.д. 100,3

Ҷуғрофия

Иқтисодёт

Аҳолӣ

Аҳолии Ӯзбекистон 32 миллион 121 ҳазор мардум аст (дар соли 2017). 51 % мардум дар шаҳрҳо зиндагони мекунанд.

Дар таркибӣ миллии кишвар, 82 % (аз 25 миллион зиёдтар мардуми кишвар) — ӯзбекон, 5 % (аз 1,5 миллион зиёдтар) — тоҷикон, 3 % (аз 900 ҳазор зиёдтар) — қазоқон, 2 % (аз 800 ҳазор зиёдтар) — русҳо. Ҳамчунин, дар кишвар қорақалпоқҳо (аз 500 ҳазор зиёдтар), татарҳо (аз 300 ҳазор зиёдтар), қирғизҳо, корейсҳо, туркманҳо, украинҳо, арманиҳо, озарбойҷонҳо, форсҳо (эрониён), уйғурҳо, белорусҳо, яҳудиён (асосан яҳудиёнӣ бухорӣ), олмонҳо, лӯлиҳо, арабони Осиёи Миёна зиндагони мекунанд.

Идҳои давлатии кишвар

Рӯз Ном ба зобони ӯзбекӣ Ном баз забони тоҷикӣ
1 январ Yangi yil bayrami
Янги йил байрами
Соли нави мелодӣ
14 январ Vatan himoyachilari kuni
Ватан ҳимоячилари куни
Рӯзи нигоҳдорандаҳои Ватан
8 март Xalqaro xotin-qizlar kuni
Халқаро хотин-қизлар куни
Рӯзи байналхалқии занон
21 март Navroʻz
Наврўз
Наврӯз
9 май Xotira va qadrlash kuni
Хотира ва қадрлаш куни
Рӯзи хотира ва иззат
1 сентябр Mustaqillik kuni
Мустақиллик куни
Рӯзи Истиқлолият
1 октябр Oʻqituvchilar va murabbiylar kuni
Ўқитучилар ва мураббийлар куни
Рӯзи устозон ва мураббиён
8 декабр Konstitutsiya kuni
Конституция куни
Рӯзи Конститутсия
- Ramazon Hayit
Рамазон Ҳайит
Иди Рамазон
- Qurbon Hayit
Қурбон Ҳайит
Иди Қурбон

Фарҳанг

Ба зудӣ шарҳ навишта мешавад.

Аксҳои кишвар

Манбаъ



 
Созмони ҳамкории Шанхай
СҲШ.jpg
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбакистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбакистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина
  1. Demographic Yearbook 2013. Population of capital cities and cities of 100 000 or more inhabitants: latest available year, 1999—2013
  2. Статистический буклет «О населении языком цифр»