Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд | |
|---|---|
| | |
| | |
| Соли таъсис | 1991[1] |
| Макон | |
| Вебгоҳ | ebrd.com |
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР, англ. European Bank for Reconstruction and Development, (EBRD) — ниҳоде молӣ аст, ки дар соли 1991 таъсис шудааст ва барои тавсеаи иқтисод ва густариши ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо 29 давлати ҷаҳон аз кишварҳои Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказӣ барои амалисозии лоиҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама бо корхонаҳои бахши хусусӣ ҳамкорӣ менамояд. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд соли 1991 ҳамроҳ бо 61 кишвар ва ду созмони байналмилалӣ барои дастгирии иқтисоди бозорӣ ва демократия ташкил шудааст.
Қароргоҳаш дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир воқеъ аст. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамчун созмони байналмилалӣ аз имтиёзҳои зиёде бархурдор мебошад, масалан, ҳуқуқи кормандони он дахлнопазир аст.
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар марҳалае ба вуҷуд омад, ки дар давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ сохти сиёсии сотсиалистӣ дигар шуд ва собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар бунёди бахши нави хусусӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ муҳтоҷи ёрӣ ва дастгирӣ буданд. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бузургтарин сармоягузор дар Аврупо ва Осиё буда, ба ғайр аз ҷудо намудани маблағҳои худ, маблағҳои зиёди сармоягузории мустақими хориҷиро низ ҷалб менамояд. Бо вуҷуди он ки сармоямонаш намояндагони давлатҳои аврупоианд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо шарикони тиҷоратиаш асосан корхонаҳои хусусиро маблағгузорӣ мекунад. Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа маблағгузории лоиҳавии бонкҳо, корхонаҳо ва ширкатҳоро амалӣ сохта, ҳам ба истеҳсолоти нав ва ҳам ба ширкатҳои амалкунанда маблағ ҷудо менамояд. Он ҳамчунин бо ширкатҳои давлатӣ бо мақсади дастгирии равандҳои хусусигардонӣ ва навсозии сохтории онҳо, инчунин такмили хоҷагии коммуналӣ ҳамкорӣ мекунад.
Хусусиятҳои хосси амалиёти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷалби васеи маблағҳо бо асъори миллии кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла рубли русӣ мебошад. Мувофиқи ойиннома Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) фаъолияти худро танҳо дар кишварҳое ба роҳ меандозад, ки ба принсипҳои «демократия» пайравӣ дошта бошанд. Ҳифзи муҳити атроф қисми таркибии низоми боэътимод фаъолияткунандаи идораи воҳид буда, дар тамоми амалиёти сармоягузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба эътибор гирифта мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ саҳоми БАТР буда, аз қарзҳои он истифода мебарад. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон барои пешрафти фаъолият ба ширкати нӯшобабарории «Оби зулол» ва бонкҳои тиҷоратии хусусӣ қарзҳои дарозмуддат додааст. Ҳамчунин БАТР соҳиби қисме аз саҳмияҳои «Агроинвестбонк» мебошад. Сармояи оинномавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соли 2008-ум 11,8 млрд евроро ташкил медод.
Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соли 2003 — Дар солҳои 2003–2005 бо ҷалби маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) татбиқи барномаи навсозии шабакаҳои алоқа оғоз гардида, марказҳои телефонӣ тадриҷан ба низоми рақамии АТС гузаронида шуданд. Ин барнома барои рушди инфрасохтори телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дошт.[2]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бонки аврупоии таҷдид ва рушд / Ш. Раҳимзода // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ROR Data — v1.19 — 2023. — doi:10.5281/ZENODO.7644942
- ↑ Tajikistan – Telecommunications projects(англ.). European Bank for Reconstruction and Development. EBRD.