Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бонки тавсеъаи исломӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бонки тавсеъаи исломӣ
Соли таъсис 1975 ва 1973[1]
Макон
Шумораи кормандон
  • 932 тан
Вебгоҳ isdb.org
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бонки тавсеъаи исломӣ, Бонки исломии рушд (ар. البنك الإسلامي للتنمية‎) — созмони байналмилалии молиявӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ.

Бонки тавсеъаи исломӣ 18 декабри 1973 дар конференсияи аввали вазирони молияи кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ бунёд шуда, фаъолияти худро 20 октябри 1975 оғоз кардааст. Сармояи Бонки тавсеъаи исломӣ аз ҳисоби ҳаққи узвияти кишварҳои аъзои он ташаккул ёфтааст. Айни замон иттиҳоди Бонки тавсеъаи исломӣ ташкил ёфтааст, ки ба он созмонҳои Иттиҳодияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Иттиҳодияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ, Институти таҳқиқотӣ ва омӯзиши исломӣ, Иттиҳодияи байналмилалии тиҷоратӣ — молиявии исломӣ дохил мешаванд ва ҳар кадом вазифаҳои муайяни худро доранд. Мақсади асосии Бонки тавсеъаи исломӣ мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзои он ва ҷаҳони исломӣ дар асоси қонун ва қоидаҳои шариати исломӣ мебошад. Воҳиди пули Бонки тавсеъаи исломӣ — динори исломӣ.

Сармояи хусусии Бонки тавсеъаи исломӣ 15 млрд динори исломиро ташкил медиҳад. Айни ҳол 57 давлати дунё узви Бонки тавсеъаи исломӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 (дар маҷлиси солонаи Бонки тавсеъаи исломӣ дар шаҳри Конакрии Гвинея) узви он гардидааст. Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки тавсеъаи исломӣ аз соли 1998 оғоз гардида, қарзҳои он дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад. Қарзҳои аз ҷониби Бонки тавсеъаи исломӣ пешниҳодшаванда барои барқарорсозии мактабу беморхонаҳо, хариди таҷҳизот ва сохтмони иншооти нави Тоҷикистон масраф гардидаанд. Аз ҷумла қисми зиёди роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма то сарҳадди Чин аз ҳисоби маблағҳои Бонки тавсеъаи исломӣ ва шарикони он бунёд ва азнавсозӣ шудааст.

Узвияти кишварҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Узвияти кишварҳои иштироккунанда дар харита

Ҳоло 57 кишвар узви Бонки тавсеъаи исломӣ мебошанд. [2] Талаботи асосии қабул ба узвият дар бонк ин ширкат дар Созмони ҳамкории исломӣ, пардохти ҳаққи аъзогӣ ба сармояи бонк ва риояи қоидаҳо, тартиб ва шартҳои қабулкардаи Шӯрои директорони бонк мебошад.

Афғонистон Афғонистон
Миср Миср
Албания Албания
Алҷазоир Алҷазоир
Озарбойҷон Озарбойҷон
Баҳрайн Баҳрайн
Банглодеш Банглодеш
Бенин Бенин
Бруней Бруней
Буркина-Фасо Буркина-Фасо
Ҷибути Ҷибутӣ
Кот-д'Ивуар Кот Д'Ивуар
Габон Габон
Гамбия Гомбиё
Гвинея Гвинея
Гвинея-Биссау Гвинея-Бисау
Индонезия Индонезия
Эрон Эрон
Ироқ Ироқ
Яман Яман
Урдун Урдун
Камерун Камерун
Қазоқистон Қазоқистон
Қирғизистон Қирғизистон
Коморҳо Иттиҳоди Қамар
Кувайт Кувайт
Лубнон Лубнон
Парчами Либиё Либиё
Малайзия Малайзия
Ҷазираҳои Малдив Молдив
Мали Малӣ
Мавритания Мавритания
Марокаш Марокаш
Мозамбик Мозамбик
Нигер Ниҷер
Нигерия Нигерия
Умон Умон
Покистон Покистон
Парчами Фаластин Фаластин
Қатар Қатар
Арабистони Саудӣ Арабистони Саудӣ
Сенегал Сенегал
Сиерра Леоне Сиерра-Леоне
Сумолӣ Сумолӣ
Судон Судон
Суринам Суринам
Сурия Сурия
Тоҷикистон Тоҷикистон
Того Того
Чад Чад
Тунис Тунис
Туркия Туркия
Туркманистон Туркманистон
Уганда Уганда
Ӯзбекистон Ӯзбекистон
Парчами Аморати Муттаҳидаи Араб Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
  1. ROR Data — v1.19 — 2023. — doi:10.5281/ZENODO.7644942
  2. Islamic Development Bank. www.isdb.org. 17 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 июли 2014.