Бонугушаспнома
Унвони мақола | форсӣ: بانوگشسبنامه |
---|---|
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
Қаҳрамонон | Бонугушасп ва Рустам |
«Бонугушаспнома» (форсӣ: بانوگشسپنامه) — яке аз достонҳои ҳамосиест, ки дар сабку равияи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дар баҳри мутақориб, тақрибан дар асри 11 (дар ҳаҷми 900 байт) таълиф шудааст.
Муаллифаш номаълум. Дар ин достон аз корнамоиҳо, ҷангу набардҳои Бонугушасп — духтари Рустам сухан меравад. Дар достонҳои «Баҳманнома», «Барзунома» аз Бонугушасп ва ҷангҳояш бо душманон ёд шудааст, вале воқеаҳо ва лаҳзаҳое, ки дар «Бонугушаспнома» тасвир шудаанд, аз достонҳои номбурда фарқ мекунанд. Дар ин достон аз ҷанги Бонугушасп бо шерону дарандагон, саҳнаҳои шикори ӯ, ҷангҳояш бо баъзе амирону подшоҳон ва мағлуб кардани онҳо сухан меравад. Рустам хост, ки Бонугушаспро ба Гев — паҳлавони номдор, писари Гударз ба занӣ диҳад, вале Бонугушасп пеш аз завҷаи Гев шудан ба набарди ӯ бархоста, пирӯз шуд. Барои ин аъмолаш Рустам ӯро танбеҳ дод. Дар достон инчунин аз набарди Бонугушасп бо Рустам ва писараш Фаромарз (пеш аз набард онҳоро нашинохт) ёд шудааст. Дар ин набард Бонугушасп Рустамро маҷрӯҳ кард. Як нусхаи «Бонугушаспнома» дар Китобхонаи миллии Фаронса, нусхаи дигараш дар китобхонаи Музейи Британия мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бонугушаспнома / Г. Саъдиева // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.