Jump to content

Бонугушасп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бонугушасп
Падар Рустам
Бародар/хоҳар Зарбону
Ҳамсар Гев
Фарзандон Бежан
Ишорашуда дар китоби Бонугушаспнома

Бонугушасп (форсӣ: بانوگشسپ‎) — зане зебову далер, чусту чолок ва паҳлавон, духтари Рустаму хоҳари Зарбону, ҳамсари Гев ва модари Бежан дар достонҳои ҳамосии «Баҳманнома», «Барзунома», «Бонугушаспнома» ва ғайра.

Дар майдони набард аз мардон камӣ надошт. Қайсари Рум, Фағфури Чин, баъзе хешовандони Кайковус, Туси паҳлавон — фарзанди Нӯзар ба назди Рустам ба хостгории Бонугушасп омаданд, вале Рустам ба домодӣ Гевро баргузид. Дар яке аз муколамаҳояш ба Пирон сарлашкари Турон Гев бо ифтихор аз домоди Рустам буданаш ёдовар шудааст:

Ба гетӣ нигаҳ кард Рустам басе,
Зи гурдон наёмад писандаш касе.
Ба мардию дониш ба фарру нажод,
Ба хӯрду ба бахшиш маро кард ёд.
Ба ман дод Рустам гузин духтараш,
Ки будӣ гиромитар аз афсараш.
Меҳин духт – Бонугушаспи савор
Ба ман дод гарданкаши номдор.
Зи чандин бузургон маро баргузид,
Сарамро ба чархи барин баркашид.

Рустам бо номи Зарбону духтари дигаре дошт, ки вай низ ба мисли хоҳараш Бонугушасп паҳлавону ҷанговари далер буд. Бонугушасп ва Зарбону дар ҷанг бо Баҳман ба асорат уфтоданд, вале баъдан Баҳман онҳоро озод кард. Аз издивоҷи Гев ва Бонугушасп паҳлавони номвар Бежан ба дунё омад.