Борис Анатолевич Литвинский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Борис Анатолевич Литвинский
Санаи таваллуд:

17 апрел 1923(1923-04-17)

Зодгоҳ:

Тошкент

Санаи марг:

20 август 2010(2010-08-20) (87 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон, Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (АИ Россия, 1973-2010)

Дараҷаи илмӣ:

доктори илм

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва

Роҳбари илмӣ:

Александр Александрович Семёнов

Ҷоизаҳо:

Борис Анатолевич Литвинский - (17 апрели соли 1923 - 20 август и соли 2010), муаррих, мухақиқи Тоҷикистон ва Осиёи Маркази, доктори илми таърих (1970), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1985), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1978). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).[2][3]

Зиндагинома[вироиш]

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москваро хатм кардааст (1946), ихтисос - «таърих, бостоншиносӣ»,

Муовини директори ИТИ санъатшиносии Тошкент (1949-1951), мудири бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон (1951-1971), ходими калони илмӣ, мудири бахшҳои муносибатҳои таърихӣ ва фарҳангии Шарқи шӯравӣ ва хориҷӣ (1971-1973), даврони қадим ва асрҳои миёнаи Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (АИ Россия, 1973-2010), ҳамзамон сардори Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон (1973-1991). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, бостоншиносӣ, таърихи фарҳанг.

Мукофот[вироиш]

  • Бо ордени «Шараф»,
  • Ситораи Сурх,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
  • Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).
  • Ба дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Р.Гиршмани Академияи катибаҳо ва каломи бадеъ (Франсия) ноил гаштааст.

Нигаред низ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Record #12054679c // общий каталог Национальной библиотеки Франции
  2. Сад арбоби маъруфи давлатию сиёсии тоҷик. "Рӯзгор" http://ruzgor.tj/sad-fardi-ma-ruf/10724-10-sad-fardi-maruf-2014.html
  3. Борис Анатолевич Литвинский

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.