Jump to content

Борис Кимёгаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кимёгаров Бенсион Ариевич
Таърихи таваллуд: 30 сентябр 1920(1920-09-30)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 19 апрел 1979(1979-04-19) (58 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, коргардони театр
Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Мукофоти сталинӣ
IMDb: ID 1300318

Бенсион (Борис) Ариевич Кимёгаров (30 сентябри соли 1920, шаҳри Самарқанд19 апрели соли 1979, шаҳри Душанбе) – коргардони синамои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1960), узви Иттифоқи кинематографистони СССР ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи ба номи Сталин (ҳамроҳи филмбардор И. Барамиков) дараҷаи сеюм (1952).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бенсион Ариевич Кимёгаров 30 сентябри соли 1920 дар шаҳри Самарқанд (Узбекистон) дар оилаи яҳудиёни бухорӣ ба дунё омадааст. Институти педагогии Сталинобод (1936-1939) ва ВГИК-ро (1944) хатм кардааст. Аз соли 1944 - когардони киностудияи Сталинобод (аз соли 1957 "Тоҷикфилм"). Солҳои 1962 -1975 котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон. Коргардон - таҳиягар Борис Кимёгаров яке аз пешсафони синамои тоҷик буд. Хушбахтона, дар синамои тоҷик маҳз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзӯъҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рӯдакии бузург - филми ‎«Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ - филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Суҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976) офаридааст.

  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Иборат аз се ҷилд. Ҷилди 2. – Душанбе, 1989
  • Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе, 2012. - С. 111-112.