Босфор
тур. İstanbul Boğazı | |
Қитъа | Осиё ва Аврупо |
---|---|
Кишвар | |
Воҳиди марзию маъмурӣ | Вилояти Истанбул |
Навъи асари бостонӣ | Important Bird Area[d][1] |
Дарозӣ |
|
Жарфои амудӣ | 186 м |
Category for the view from the item | Category:Views from the Bosphorus[d] |
Гурӯҳ барои назари элемент | Category:Views of the Bosphorus[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Босфо́р (юн. Βόσπορος, тур. İstanbul Boğazı) — гулӯгоҳи Қустантатиния ва гулӯгоҳи камбари байни Аврупову нимҷазираи Осиёи Хурд, ки Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Мармарро бо ҳам мепайвандад.
Дарозиаш 30 км, бараш аз 0,75 то 3,7 км, умқаш 27-120 м. Водии қадимии дарёӣ буда, дар давраи чорум (антропоген) зери баҳр мондааст. Соҳилҳои Босфор баланд ва ҷаринок буда, дар он лангаргоҳҳои мувофиқ ва табиӣ бисёранд. Дар яке аз онҳо халиҷи Шохи Тило ва дар соҳили дигараш (осиёӣ) шаҳри Истанбул воқеъ аст. Ду пули бесутун, ки дарозиашон 1500 ва 2800 м аст, ба воситаи Босфор то Истанбул тӯл кашидаанд. Дар қабати болоии гулӯгоҳ ҷараёни об номураттаб буда, ҳар сол аз шимол ба ҷануб қариб 325 км³ оби Баҳри Сиёҳро (шӯриаш 18 %) ба Баҳри Мармар меорад. Ҷараёни муқобил (поёнӣ) аз Баҳри Мармар ҳаракат карда, қариб 175 км³ оби шӯриаш 38%-ро ба Баҳри Сиёҳ мебарад. Мубодилаи оби гул. Босфорро бори аввал баҳрнаварди ҳарбӣ ва уқёнусшиноси рус С. О. Макаров солҳои 1881-82 таҳқиқ кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Босфор // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.