Ботлоқ

Ботлоқ, мурдоб — қисми сернаму оби сатҳи Замин, ки дар он моддаҳои табиии напӯсида ҷамъ мешаванд ва баъдан ба торф мубаддал мегарданд.
Оби ботлоқ хокро сернам нигоҳ медорад. Дар чунин шароит дар ботлоқ набототи намидӯст месабзанд. Ботлоқ намиро нигоҳ дошта, кам бухор мекунад. Он бар асари васеъшавии ҳавзҳои об ва сернамшавии заминҳои хушк ба вуҷуд меояд. Ботлоқ ба се гурӯҳ тақсим мешавад: болоӣ (олигатрофӣ), поёнӣ (евтотрофӣ) ва табдилӣ (мезотрофӣ). Ботлоқи болоӣ аз сатҳи обҳои зеризаминӣ баланд меистад. Ботлоқи поёнӣ дар пастхамӣ воқеъ гардида, онро доимӣ ва ё ҳар сари чанд вақт об зер мекунад. Ботлоқи табдилӣ (бешагӣ) дар байни ботлоқҳои болоӣ ва поёнӣ воқеъ буда, дорои тағзияи муътадили маъданӣ аст. Ботлоқ, асосан, аз боришоти атмосферӣ ғизо мегирад. Аз ҷиҳати хусусияти наботот ботлоқро ба ботлоқи алафӣ, ушнагӣ ва омехта ҷудо менамоянд. Дар ботлоқи ушнагӣ торф ҳосил мешавад. Ғафсии қабати торф аз 5-8 то ба 10 м мерасад. Ғайр аз торф дар ботлоқ маъдани ботлоқӣ, колчедани сулфур ва ғ. низ ҳосил мешаванд. Торфро ҳамчун сӯзишворӣ ва пору истифода мебаранд. Ботлоқ ба минтақаҳои бешазори Нимкураи Шимолӣ, бахусус Авруосиё, Канада, Ҳиндустон, Бразилия ва ғ. хос мебошад. Ботлоқ таркиби муҳимтарини низоми экологии ҷаҳонӣ буда, ба вазъи обу ҳаво ва иқлими минтақа таъсири зиёд дорад. Дар Тоҷикистон ботлоқҳо аксаран дар соҳили дарёҳо ва кӯлҳои калон, аз ҷумла дар соҳили рӯдхонаҳои Сир, Зарафшон, Вахш (мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»), дар резишгоҳи рӯди Қизилсу ва водии рӯдхонаҳои Помири Шарқӣ (то баландии 3500 м) вомехӯранд. Дар онҳо мурғобӣ, қурбоққа ва морҳои обӣ мавҷуданд. Рустаниҳои хосси ботлоқи Тоҷикистон: зарбед, най, газ, ангат, гулхор ва дарахтони бед, сафедор, дар баъзе ҷойҳо тӯс.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ботлоқ / М. Раҳимов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Половинкин А. А. Основы общего землеведения. М., 1958;
- Большая советская энциклопедия. Т. 3. М., 1970;
- Словарь-справочник по физической географии. М., 1983;
- Энциклопедический словарь географических терминов. М. 1968;
- Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007.