Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бошқирдистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бошқирдистон
бошқ. Башҡортостан Республикаhы
Парчам[d]Coat of arms[d]
Таърихи таъсис 11 октябри 1990
Нигора
Номи расмӣ бошқ. Башҡортостан Республикаһы
русӣ: Республика Башкортостан
Номи кӯтоҳ Башкортостан
Номида ба шарафи Bashkir people[d]
Номи сокинон Baschiri
Симмати мудирияти созмон Head of the Republic of Bashkortostan[d]
Раис Радий Хабиров
Забони расмӣ русӣ ва бошқирдӣ[1]
Гимн National Anthem of the Republic of Bashkortostan[d]
Қитъа Аврупо
Кишвар
Пойтахт Уфа
Воҳиди марзию маъмурӣ Русия
Минтақаи замонӣ YEKT[d], UTC+05:00 ва Asia/Yekaterinburg[d][2]
Мавқеият Preduralye[d]
Шакли заминӣ Data:Russia/Bashkortostan.map
Баландтарин нуқта Mount Yamantau[d]
Фармонраво Head of the Republic of Bashkortostan[d]
Вазифаи сардори ҳукумат Prime Minister of Bashkortostan[d]
Раиси ҳокимияти иҷроия Андрей Геннадиевич Назаров
Executive body Government of the Republic of Bashkortostan[d]
Маҷлис State Assembly of Bashkortostan[d]
Шумораи аҳолӣ
Зербахш Уфа
Баландӣ аз сатҳи баҳр 214 м
Пули миллӣ
Дорои FC Ufa[d] ва Фурудгоҳи бин‌алмилалӣ юоф‌ий
Ҳаммарз бо Удмуртистон[d], Тотористон, Кишвари Перм, Вилояти Свердловск, Вилояти Челябинск ва вилояти Оренбург[d]
Асоснома Bashkortostan Constitution[d]
Пас аз ҶМШС Бошқирдистон[d]
Ба ҷои Bashkir SSR[d]
Забони мавриди корбурд тоторӣ ва бошқирдӣ
Ҷоизаҳо
ордени Ленин
Масоҳат
  • 143 600 км²
Вебгоҳи расмӣ bashkortostan.ru(рус.)
Тасвири нақшаи мавқеият
Ҷуғрофиё geography of Bashkortostan[d]
Феҳристи муҷассамаҳо list of cultural heritage monuments in Bashkortostan[d]
Economy of topic economy of Bashkortostan[d]
Рамзи минтақавии телефонӣ 347
Vehicle registration plate code 02 ва 102
Гурӯҳ барои одамони дар инҷо дафншуда Q7974909?
Гурӯҳ барои назари элемент Category:Views of Bashkortostan[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷумҳурии Бошқирдистон (бошқ. Башҡортостан Республикаһы, русӣ: Республика Башкортостан) — субъекти Федератсияи Русия, ҷумҳурии дар таркиби он. Пойтахт — шаҳри Уфа.

Сохти давлатӣ. Бошқирдистон – ҷумҳурии президентист. Конститутсияи амалкунанда соли 1993 қабул шудааст. Сардори давлат – президент, ки дар Маҷлиси давлатӣ – Қурултой бо пешниҳоди Президенти Федератсияи Руссия интихоб мешавад. Мақоми олии қонунбарор Маҷлиси давлатии дупалата­гӣ – Қурултой, ки иборат аз Маҷлиси (палатаи) қонунбарор ва Маҷлиси (палатаи) намояндагон аст. Ма­қоми олии қонунбарор – Шӯрои вазирон бо сарварии сарвазир. Мақомоти олии судӣ – Суди олӣ ва Суди ҳака­мӣ. Аз ҷиҳати маъмурӣ аз 21 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ, 54 но­ҳия, 40 шаҳрак ва 945 ҷамоати деҳот иборат аст.

Табиат. Қисми ғарбии Бошқирдистон ҳамвор буда, қисми шарқи­аш асосан кӯҳсор аст. Дар ин ҷо Урали Ҷанубӣ хеле баланд мебошад (қуллаи кӯҳи Ямонтов, 1640 м). Иқлимаш континенталӣ. Ҳарорати миёнаи январ – 180С, июл +180С. Боришоти миёнаи солона дар наздикии Урал 400 – 500 мм, дар паси Урал қариб то 300 мм. Да­рёҳои асосии Бошқирдистон: Белая (Агидел 1430 км) ва шохобҳои он, Уфа (918 км), Дёма (535 км), Нугуш (235 км), Сим (239 км), Ашкадар (165 км), Стерля (94 км). Дар Урал кӯлҳои зиёде (қариб 2700) мавҷуданд, ки бузургтаринашон Ас­ликӯл (18,5 км2) ва Кандрикӯл (12 км2) мебошанд ва дар онҳо 40 намуд моҳӣ ҳаст. Хокаш сиёҳзамин, хокистарранги ҷанга­лӣ, хокис­тарӣ ва чимзамини хокистарранг, гумусу карбонатдор ва ғ. Бештар аз 40 дарсади ҳудуди Бошқирдистон ҷангалзор бу­да, захираи чӯб зиёд аст. Дарахтони санавбари паҳн­барг, булут, сӯзанбарги сиёҳ ва тӯс мерӯянд. Бошқирдистон аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ ғанӣ буда, захира­ҳои бузурги нафт, гази табиӣ, ангиштсанг, маъдани оҳан, тило, намаксанг ва ғ. дорад. Ола­ми ҳайвоноти Бошқирдистон гуногун буда, ҳай­­вонот ва парандагон (286 намуд) бисёранд. Аз ҷумла, хирс, санҷоб, харгӯш, силовсин, савсор, бу­рун­дуқ, саго­бӣ, юрмон, су­ғур, миримушон, харгӯши зард, кӯр­муш, чилмурғ, кабк, титав во­ме­хӯранд. Дар кӯлу дарёҳои Бошқирдистон 47 намуди моҳӣ мавҷуд аст, ки 13 намуди он ба Китоби сурхи Бошқир­дистон ворид карда шудааст. Аз ҷумла, тосмо­ҳӣ, гулмо­ҳии дарёӣ, озодмоҳии ав­ру­поӣ, симмоҳӣ, рафи­да­моҳӣ, ало­моҳӣ ва суфмоҳӣ мав­ҷу­данд. Ҳудудҳои ҳифз­шаван­даи Бошқирдистон: Боғи мил­лии «Бош­қир­дис­тон», мам­­нӯъ­­гоҳ­ҳои Бош­қирдистон, Ҷа­нуби Урал ва Шулган-Тош. Дар ҳу­ду­ди мамнӯъгоҳи Шулган-Тош яке аз ғорҳои бузургтарин дар Урал (маш­ҳур бо номи Капова) мавҷуд аст, ки дарозиаш 3 км аст. Масоили экологии Бошқирдистон: нобуд ва кам шудани бе­шазорҳо, олудашавии обанбору марғзор боиси кам шудани хуки ваҳшӣ (гуроз), хирс, қундуз, гавазн гардидаанд. Дар Бошқирдистон намудҳои зиёди парандагон (мурғи саққо, уқоби даштӣ, дуғдоғ) низ нобуд гаштаанд.

Аҳолӣ. Дар Бошқирдистон намояндагони 30 халқият зиндагонӣ мекунанд: аз ҷумла, бошқирдҳо (22%), русҳо (39%), то­тор­ҳо (28%), чувашҳо ва марийҳо. Ду забони расмӣ – бош­­қирдӣ ва русӣ амал мекунад. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 – 28,41 нафар (2013). 60,4 дарсади аҳолӣ дар шаҳр­ҳо маскун буда, сокинони деҳот 39,6 дарсадро ташкил ме­диҳанд. Рӯҳониёни бошқирд асосан мусулмонони сунни­­мазҳабанд. Дини православӣ низ паҳн гардида, маз­ҳабу ақидаҳои анъанавӣ нигоҳ дошта шудаанд. Шаҳр­ҳои бузур­гаш: Уфа, Агидел, Нефтекамск, Эшимбой, Белореск, Белебей.

Таърих. Маскуншавии нахустин дар ҳудуди Бошқирдистон ба давраи полеолит рост меояд. Дар асрҳои 3–2 то м. умумияти фарҳангӣ – таърихии одамон муайян гардида буд. Аввалин маълумоти хаттӣ дар бораи аҳолии Урали Ҷанубӣ дар дастхатҳои муаллифони қадим дар ҳазораи 1-и то м. қайд гаштааст. Дар ин давра аввалин шуда гунҳо ба ҳу­ду­ди Бошқирдистон зада даромаданд ва аз паси худ аҳолии маҳал­лии бодиянишинро оварданд. Машғулияти асосии қаби­ла­ҳои маскуни Бошқирдистон дар асри биринҷӣ чорводорӣ ва зироат буд. Бошқирдҳо дар сарчашмаҳои хаттии арабӣ (Ибни Фазлон) дар асрҳои 9–10 бо номи «бошҷирд», «башгирд» ва «башгурд» ёд шудаанд. Онҳо дар асрҳои 10–13 ба ҳайати Волгаи Булғория дохил мешуданд ва дар биёбон­ҳои соҳи­ли Баҳри Каспий, байни д-ҳои Волга ва Ёииқ зиндагонӣ мекарданд. Бошқирдҳо дар замони қабл аз ислом бутпараст будаанд. Дертар ба ин сарзамин дини ислом ва хатти арабӣ ворид шуд. Соли 1229 ба Бошқирдистон му­ғул­ҳову тоторҳо ҳамла карданд ва он дар давоми 2 аср тобеи Ӯрдаи Тилоӣ буд. Дар нимаи 2-юми асри 15 қисми ҷа­нуб ва ҷануби шарқии Бошқирдистон тобеи Ӯрдаи Тилоӣ Нӯ­ғай, қисми ғарбиаш зе­ри истилои хонигарии Қазон ва қисми шимолиаш дар ихтиёри хони Сибир қарор дошт. Соли 1557 баъди торумори хонии Қазон қисми бештари ҳуду­ди Бошқирдистон ихтиёран ба ҳайати Руссия дохил шуд ва баъд аз ин ҷангҳои тороҷга­ронаи байни қабилаҳо қатъ гардид, бош­қирдҳо аз ҳуҷуми мардумони кӯчии ҳамсоя эмин шуданд ва барои рушди иқтисоду маданият шароити мусоид фароҳам омад. Хал­қи бошқирд асосан дар асри 16 ташаккул ёфт. Зулми фео­да­лӣ ва мус­там­ликавӣ, сиёсати зӯран русгардони (ба ди­ни насронӣ)-и аҳолии маҳаллӣ аз тарафи Руссияи подшо­ҳӣ боиси қаҳ­ру ғазаб ва норозигии оммаи бош­қирд ва сабаби шӯришҳои бузург (асрҳои 17–18) гардиданд. Бош­қирд­ҳо дар Ҷанги деҳқонон бо сардории Е. И. Пугачёв фаъолона ширкат намуданд. Солҳои 1798–1865 дар Бошқирдистон усу­ли идоракунии кантонӣ ҷорӣ шуд, ки зимни он бош­қирдҳо ба табақаи махсуси ҳарбиён табдил ёфтанд. Баъди барҳам додани усули кантонӣ як қис­ми за­минҳои Орен­бург ба губ. Уфа, ки нав таъсис ёфта буд, дода шуд. Баъди инқилоби Февралӣ ва Октябри 1917, декабри 1917 Маҷ­ли­си муассисони Бошқирдистон ҳу­ку­мати ма­ҳал­лиро таъсис дод. Ию­ли 1918 чехҳои сафед ва гвардиягиё­­ни сафед Челябинск, Уфа ва Оренбургро иш­ғол намуданд, ҳу­ку­­ма­ти гвардиягиёни сафед ва эсерҳо ташкил шуд. Декабри 1918 бо қарори ҳукумати олии Руссия Артиши Сурх дар Бошқирдистон ба му­қо­били сипоҳиёни гвардиягиёни сафеди Кол­чак ҳуҷум намуда, онро торумор карданд. Марти 1919 Ҷум­ҳу­рии Шӯ­равии Сотсиалистии Бошқир­дистон (аввалин ҷумҳу­рии мухтори шӯравӣ дар ҳайати ҶШСФР) таъсис ёфт ва пойтахташ ш. Стерлитамак гардид. Июни 1922 ҳудуди Бошқирдистон аз ҳисоби уездҳои губернияи Уфа ва­сеъ карда шуда, пойтахт ба ш. Уфа кӯчид. 11 окт. 1990 Шӯрои Олии ҶМШС Бош­қир­дистон истиқло­ли давлатиро ба даст овард. Аз фев­рали 1992 Республикаи Бош­қор­тостон ном гирифт.

Иқтисодиёт. Бошқирдистон мамлакати индустриявию аграрии та­раққикардаи Руссия мебошад. Ҳаҷми ММД ба ҳиссаи маҳсулоти саноат 49,6 дарсад, соҳаи кишоварзӣ ва ҷан­гал­парварӣ 8,2 дарсад рост меояд. Бошқирдистон яке аз минтақа­ҳои истеҳсолу коркарди нафти Руссия ва маркази муҳимми саноати кимиё ва мошинасозӣ мебошад. Заводҳои коркарди нафт дар Уфа, Салават ва Эшимбой, заводҳои коркарди га­зи табиӣ дар Туймази ва Приютово ҷой гирифтаанд. Саноати коркарди чӯб, филиззот ва масолеҳи бино­корӣ низ ривоҷ ёфтааст. Марказҳои муҳимми саноати мам­­лакат ш-ҳои Уфа, Стерлитамак, Эшимбой, Салават, Нефтекамск, Туй­мазӣ, Октябрский, Белореск мебошанд. Дар Бошқирдистон ба миқ­дори зиёд ғалла ва маҳсулоти хӯроки чорво, гандум, ҷав­дор, сулӣ, марҷумак, арзан ва зироати лӯбиё­ӣ, инчунин лаб­лабуи қанд парвариш карда мешавад. Соҳаи асосии чорводорӣ парвариши гови гӯшту ширдеҳ, гӯс­фан­ди гӯш­ту пашмдеҳ, инчунин парвариши бузу асп­ҳои хушзот аст. Дар Бошқирдистон занбӯрпарварӣ низ ривоҷ ёфта, аз ҷи­ҳа­ти зиёд кардани оилаи занбӯр, истеҳсоли асали аъло­сифат дар Рус­сия ҷойи аввалро ишғол мекунад. Инчунин Бошқирдистон бо ис­теҳ­соли шир, гӯшт, тухм, ғалла­дона ва картошка машҳур гаш­тааст. Бошқирдистон асосан бо 90 мамлакати дунё робитаи ти­­­ҷо­­ра­тиву иқтисодӣ дорад. Шарикони тиҷоратиаш Че­хия, Бри­танияи Кабир, Қазоқистон, Нидерландия, Хитой, Лих­тен­­ш­тейн, Ол­мон, Финландия ва Украина буда, асо­сан маҳ­­­су­ло­ти кимиёӣ ва нафт содир мекунад. Ис­теҳ­соли не­рӯи барқ 25 млрд кВт соатро ташкил мекунад, ки 90 дарсади он дар НБО ва боқимонда дар НГБ, ки асосан бо газ кор мекунанд, ба даст оварда мешавад. НБО-и бузургтарин Юман­гузинск (иқтидораш 45 МВт).

Дар Бошқирдистон соҳаи сайёҳӣ тараққӣ кардааст, ки соле то 400 ҳазор сайёҳ барои истироҳат ва муолиҷа меоянд. Аз со­ли 1991 ширкати «Роҳҳои ҳавоии Бошқирдистон» фаъ­олият дорад. Аэропорти бузургтарини Бошқирдистон дар ш. Уфа ҷой­гир аст. Бошқирдистон бо мамлакатҳои Юнон, Хитой, Амороти Мут­таҳи­даи Араб ва Туркия хатти сайри ҳавоӣ дорад. Нақ­лиёти асосии Бошқирдистон р. о. буда, тариқи он бо ш-ҳои Самара, Челябинск, Оренбург, Уляновск мепайвандад. Дарё­ҳои киш­­тигардаш – Белая (Оқ Идил) ва Уфа. Аз Туймазӣ – Уфа, Эшимбой – Уфа ва Эшимбой – Орск лӯлаҳои нафту газ (4,5 ҳазор км) мегузаранд. Дарозии роҳҳои автомобилгард – 25 ҳазор км.

Тандурустӣ. Дар Бошқирдистон 214 муассисаи тандурустӣ, 430 дармонгоҳу бунгоҳи тиббӣ ва зиёда аз 2 ҳазор бунгоҳи фелд­шериву акушерӣ ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. Дар Бошқирдистон зиёда аз 50 чашмаи обҳои маъданӣ, лойқаи табобатӣ, об­ҳои гарми зеризаминӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар заминаи он осоишгоҳҳои иқлимӣ, табобатгоҳҳо («Асси», «Ён­­­ғантов», «Юматово», «Яқтикӯл», «Красноусолск», «Ол­ховка», «Венетсия», «Агидел», «Берёзка») бунёд шуда, барои муолиҷаи бемориҳои буғумдард, силсилаи асаб, меъдаву рӯда, ҷигару гурда, роҳи масонаву талхадон, дилу раг, роҳҳои нафас ва бемориҳои пӯст пешниҳод мешаванд.

Маориф ва маданият. Соли 2013 дар соҳаи маорифи Бошқирдистон 3,4 ҳазор муассисаҳои гуногуни таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 871,7 ҳазор кӯдакро 161,5 ҳазор омӯзго­р дарс медоданд. Ҳамчунин, дар мамлакат 1644 муасси­са­и томак­табӣ (аз ҷумла, 12 муассисаи хусу­сӣ) мавҷуд бу­да, 25 муассисаи томактабии нав бунёд гардид. Дар муас­си­са­ҳои таълимии Бошқирдистон таълим ба забон­ҳои бош­қирдӣ, русӣ, то­то­рӣ, чувашӣ, марийгӣ, удмур­дӣ, олмонӣ, украинӣ ба роҳ монда шудааст. Китобҳои дарсӣ ба талабагон ройгон дода мешавад. Дар Бошқирдистон соҳаи маориф бо қо­нун­ҳои махсус танзим мегардад. Аз соли 2012 тибқи лоиҳаи аф­за­ли­ят­ноки миллии «Маориф» барои мураббиёну омӯз­го­роне, ки шо­гир­дони он­ҳо дар олимпиа­да­ҳо, фестивалҳо, мусобиқаҳои вар­зишӣ, озмунҳои минтақа­вӣ, умумирус­сия­­вӣ ва бай­нал­ми­лалӣ ғо­либ меоянд, муко­фот­ҳои пулӣ му­қаррар карда шудааст. Барои шогирдони аълохону фаъоли синфҳои ибтидоӣ идрорпули (стипендия)-и ҳукумати мамлакат таъсис дода шудааст. Маъ­лумоти касбӣ дар мактаб­ҳои махсуси техникӣ, ба­деӣ, кишовар­зӣ, тиббӣ ва ғ., ки ба барномаи комили мактаби миёна асос ёфтаанд, омӯзонда ме­шавад. Дар Б. дониш­го­ҳи давлатӣ, до­ниш­­гоҳи тиббӣ, До­­нишгоҳи педагогии ба номи М. Акмулла, Донишгоҳи ави­атсионӣ – техникии Уфа, академияи иҷ­ти­моӣ – омӯз­горӣ, Ака­демияи давлатии педагогии ба номи Зайнаб Биишева фаъолият доранд.

Адабиёт. Фолклори мардумии бошқирдро ҳамосаҳо, дос­тонҳои таърихӣ, сурудҳои мардумӣ ва аф­сонаву қис­саву ривоятҳо ташкил медиҳанд, ки дар аввали асри 19 (асосан аз тарафи олимони рус) сабт ва нашр шудан гирифтанд. Дар шеъру сурудҳои озоди­хоҳонаи Салават Юляаев ҳаёти мардум тараннум мегардид. Нависандагони асрҳои 18–19 ( Б. Т. Ялсигул, Гали Сокрий, Ш. Я. Закӣ, Г. Соле­ҳов) асосан ашъори динию ахлоқӣ эҷод мекарданд.

Дар арафаи Инқилоби 1905–07 Маҷид Ғафурӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода, тараннумгари инқилоб эътироф карда шуд. Маҷ­мӯаи «Парчами Сурх»-и ӯ ба лирикаи инқилобии мардуми бошқирд замина гузошт. Асар­­ҳои М. Ғафу­рӣ ба хазинаи тилоии адабиёти бош­қирд ва тотор ворид гардид. Ба адабиёти шӯравии бош­қирд адибон Д. Юлтий, С. Кудаш, Г. Ғумер, Б. Эшем­гул, И. Носи­рӣ, Т. Янабӣ, Ҳ. Иброҳимов асос гузоштанд. Охи­ри сол­ҳои 20-уми асри 20 нависандагон С. Агиш, Г. Амантай, А. Карнай, Р. Неъматӣ, Б. Ва­лид, Г. Хайрӣ, С. Мифтоҳов, Бошқирдистон Бакбай ва дигарон ба арсаи адабиёт ворид шуданд. Дар рӯзно­ма­ҳои ҳарбӣ аввалин асарҳои шоирон Шамун Фи­доӣ, Ярлӣ Карим, мунаққид Ш. А. Худойбердин ба нашр расиданд. Солҳои 30-юм ада­­биёти бошқирд бо роҳи реализми сотсиалистӣ тараққӣ кард. Дар замони ҶБВ (1941–45) назм ривоҷ ёфт. Адибон С. Кудаш, Рашид Неъматӣ, Х. Карим, М. Карим ва дигарон бештар дар мавзӯи ҷанг шеърҳо эҷод мекарданд.

Солҳои баъди ҷанг наср инкишоф ёфт. Повесту ро­ман­­­ҳои Х. Давлатшина, С. Агиш, З. Биишева, Қ. Мэргэн, А. Валӣ, А. Бикчентаев, С. Ф Кудаш эҷод шу­данд. Повести С. Ф. Кудаш «Ба истиқболи баҳор» (1952) ба муносибати дӯстии адибон Габдулло Туғай ва Маҷид Ғафурӣ эҷод шудааст. Дар соҳаи танқиди адабӣ, драматургия, адабиётшиносӣ, адабиёти бачагона низ пешрави­ҳо ба даст оварда шуданд. Нависандагон Н. Наҷмӣ, Х. Гиляжев, Ғ. Рамазонов, Т. Арслон, И. Абдуллин, Н. Асан­боев, М. Ғалӣ, М. Каримов ва дигарон аз ҷумлаи асосгузорони адабиёти муосири бошқирд мебошанд. Эҷоди­ёти шоири мар­думии Бошқирдистон Мустай Карим ба аксари забонҳо тарҷумаву маълум гардидааст.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Манзилгоҳи бош­қирд­­ҳои чорводор асрҳои зиёд юртҳои васлшавандаи намадӣ (тирмэ) ва чайла (каппа) дар минтақаи кӯҳистон буд. Баъди ихтиёран ба Руссия ҳамроҳ шудани мардуми бош­қирд дар биносозии иншоотҳои мазҳабӣ (масҷидҳо, мар­қад­ҳо ва оромгоҳҳо) таъсири санъати меъмории рус ва булғорҳо ба назар мерасад. Баробари биноҳои чӯбин хо­наҳои сангин низ пайдо шуданд. Дар ҳудуди Бошқирдистон кати­ба­ҳои рӯйисангии қадимтарини даврони палеолит (дар мин­тақаи Шулган-Тош), дар дафинаву қӯрғонҳо миқдори зиёди зарфҳои сафолии сернақшу нигор, ашёи ороишии фи­лиззии нақшин ва расми ҳайвонот бозёфт шудааст. Дар асрҳои 16–18 ш-ҳои Стерлитамак, Белебей, Бирск, Уфа бунёд гашта, дар замони муосир азнавсозӣ карда шуданд. Дертар ш-ҳои Эшимбой, Октябрский, Кумертов, Са­лават, Туймазӣ, Нефтекамск, Агидел, Белореск бунёд шуданд. Солҳои 30–40 асри 20 бунёди имо­ратҳо бо услуби меъмории классикӣ (Қасри фарҳанги ба номи С. Орҷони­кидзе, Хонаи Саноат ва ғ.) ба ҳукми анъана даромад. Сол­ҳои 60 асри 20 сохтмони биноҳои за­монавӣ (Театри академии драмаи Бошқирдистон, Сирки дав­латӣ, Қасри вар­зиш дар ш-ҳои Уфа, Октябрск, бино­ҳои баландошёна дар ш-ҳои Уфа ва Салават) авҷ гирифт.

Аз замонҳои қадим дар миёни бошқирдҳо ҳунарҳои мар­думӣ – кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, нақшдӯзӣ дар рӯйсарӣ (рӯймол), дастмол, қолин ва парда, заргарӣ, ку­ло­лӣ, чармгарӣ ва кандакорӣ дар чӯб ривоҷ ёфта, то им­рӯз ин анъана идома дорад. Дар ташаккули санъати тасвирии Бошқирдистон нақши бузургро рассомони тоинқилобӣ бозидаанд (на­моишгоҳи соли 1916 дар ш. Уфа). Нахустин рас­сомони бошқирд К. А. Давлаткелдиев, М. Н. Елгаштина, А. Э. Тюлкин, А. П. Лежнев ва дигарон мебошанд. Со­ли 1920 дар ш. Уфа осорхонаи санъат, соли 1926 омӯ­зиш­го­ҳи санъат таъсис ёфт.

Мусиқӣ. То Инқилоби Октябр мусиқии бошқирдӣ тан­ҳо бо эҷодиёти мардумӣ робита дошта, сурудҳои мардумиаш асосан яковоза буданд. Асбобҳои мусиқии мардумии Бошқирдистон – курай (найи дарози монанд ба найи чӯпонӣ), гар­­мон ва кубил (навъе аз созҳои мусиқии чӯбӣ ё оҳанӣ). Дар Бошқирдистон фарҳанги мусиқии касбӣ баъди барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ рушд кард. Асарҳои оҳангсозон З. Исмоилов, Х. Аҳмадов, Р. Муртазин, Н. Собитов шуҳрат дош­танд. Соли 1938 дар ш. Уфа театри мусиқии Бошқирдистон (аз соли 1941 Театри опера ва балет), филармония ва оркест­ри асбобҳои мардумӣ ташкил ёфт. Дар заминаи пайванди мусиқии мардумии анъанавӣ ва аврупоӣ, пеш аз ҳама му­сиқии классикии рус сабки хосси мусиқии миллии бош­қир­дӣ ба вуҷуд омад. Солҳои 40 асри 20 аввалин операҳои бош­қирдӣ «Хакмар», «Мергэн» (Нишонзани мо­ҳир), «Кар­лугас» (Парасту) ва ғ. рӯйи саҳна омаданд. Театри касбии бошқирдӣ баъди Инқилоби Октябр ташкил ёфт.

Театр. Соли 1919 дар Стерлитамак аввалин театри мил­лӣ ба фаъолият оғоз кард ва аз соли 1922 он ба Театри академии драмаи Бошқирдистон табдил дода, ба ш. Уфа кӯчонда шуд. Дар ин театр аз солҳои 30 то имрӯз асарҳои драматургони бошқирд ба саҳна гузошта мешаванд. Дар саҳнаҳои теат­ри сайёри Бошқирдистон драмаи М. Буронгулов «Ашкадар» (1920) ва маз­ҳакаи мусиқии драмнавис ва оҳангсоз Х. К. Иброҳимов «Кафшак» рӯйи саҳна омаданд. Дар Бошқирдистон театрҳои русӣ (Уфа, Стерлитамак), театри драма (Сабай ва Салават), театри лӯх­так (Уфа) мавҷуданд. Соли 1968 дар ш. Уфа донишгоҳи санъ­ат ба фаъолият оғоз намуд. Дар байни арбоби ҳунари Б. Артисти халқии ИҶШС А. К. Мубоков, Артистони халқии Федератсияи Руссия З. И. Бекбулатов, Г. И. Мингалиев, А. К. Зубаиров ва ғ. бо маҳорати хоссаи хеш маш­ҳур гашта буданд.

Воситаҳои ахбори умум. Б. матбуоти даврии та­раққи­кар­да дорад. Ма­ш­ҳуртарин нашрияҳо – г-ҳои «Башкортостан», «Республика Башкортостан», «Қизил-Тан», «Мо­­лодёжная газета» ва маҷ. «Ватандош». Шабакаи телевизионии моҳво­равии ша­бона­рӯзӣ фаъолият дошта, бар­но­­ма­ҳои он ба забонҳои русӣ ва бошқирдӣ пахш мешаванд.