Вилояти Волгоград

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Вилояти Волгоград
русӣ: Волгоградская область
Парчам Нишон
Парчам Нишон

49°44′00″ а. шим. 44°07′00″ т. ш.HGЯO

Кишвар

 [[|]]

Маркази маъмурӣ

Волгоград

Роҳбар

Andrei Bocharov[d]

Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис

5 декабр 1936

Масоҳат
  • 113,900 км²
Вақти минтақавӣ

Samara Time[d]

Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2

RU-VGG

Коди мошинҳо

34 ва 134

Вебгоҳи расмӣ

Вилояти Волгоград дар харита

Commons-logo.svg Садо, тасвир ва видео дар Викианбор

Вилояти Волгоград (русӣ: Волгоградская область) — вилоят дар Федератсияи Русия. Дар қисми ҷанубу шарқии ҳамвории Аврупои Шарқӣ воқеъ аст. Аз ҷануб бо вилояти Астрахан ва Ҷумҳурии Қалмоқистон, аз ғарб бо вилоятҳои Ростов ва Воронеж, аз шарқ бо Қазоқистон ҳамсарҳад аст. Ба ҳайати Округи федералии Ҷануби Федератсияи Русия дохил мешавад. Масоҳаташ 112,9 ҳазор км². Аҳолиаш 2,6 млн нафар (2013). Маркази маъмуриаш — шаҳри Волгоград.

Вилояти Волгоград 33 ноҳия, 19 шаҳр, аз ҷумла 6 шаҳри тобеи вилоят, 24 шаҳрак ва 450 деҳа дорад. Мақоми олии қонунбарор — Думаи вилоятии Волгоград, ҳокимияти иҷроия — маъмурият (ҳукумат)-и вилоят.

Таърих[вироиш]

Ҳудуди Поволжияи Поён дар давраи палеолит маскун шудааст. Дар ҳазорсолаи 1 то м. дар он қабилаҳои скифҳо, сарматҳо, гунҳо зиндагӣ кардаанд. Дар асрҳои 7-10 поёноби д. Волга ба ҳайати хонии Хазар дохил мешуд. Дар асрҳои 9-12 аз д.-ҳои Волга ва Дон роҳҳои муҳимми савдо мегузаштанд. Дар асрҳои 10-12 дар ин ҷо қабилаҳои печенегҳо ва қипчоқҳо бодиянишинӣ мекарданд. Дар асри 13 Волгоград ба ҳайати Олтинӯрда (Ӯрдаи тилоӣ) дохил шуд ва пойтахташ Сарой — Берке (дар наздикии деҳаи имрӯзаи Сарёв) буд. Дар асри 15 Олтинӯрда ба якчанд хонӣ ҷудо шуд, дар миёнаҳои асри 16 онро лашкари Иван Грознийи IV торумор кард ва Поволжияи Поён ба давлати Рус ҳамроҳ карда шуд. Барои муҳофизати давлати Рус қад-қади сарҳадҳои ҷанубии он шаҳрҳо — қалъаҳо (Саритсин — ҳоло Волгоград ва ғ.) бунёд карда шуданд. Роҳи дарёии Волгаро казакҳо, ки қисми зиёди онҳоро аҳолии Поволжия ташкил медоданд, муҳофизат мекарданд. Солҳои 1918-20 барои муҳофизати Русия аз ҳуҷуми душманон бо фармони Пётри I байни д.-ҳои Волга ва Дон хатти мустаҳками дидбонӣ сохта шуд. Дар миёнаҳои асри 18 дар Поволжияи Поён муҳоҷирон аз Олмон ва Нидерландия маскун шуданд. Ноҳияи Саритсин соли 1708 ба тобеияти губернияи Қазон, соли 1719 ба тобеияти губ. Астрахан гузашт. Аз соли 1773 ноҳияҳои Шимол ва Поволжия дар ҳайати мулки Саратов буданд. Баъд аз бунёди р. о.-и Волга — Дон аҳолӣ ба даштҳои Поволжия кӯч бастанд ва ғаллакорӣ тараққӣ кард. Солҳои 20-30 асри 20 дар минтақа саноат бо суръат рушд ёфт; аввалин дар ИҶШС заводи трактор, маркази барқии истеҳсоли гармӣ сохта шуда, истеҳсолоти филизкорӣ ва коркарди чӯб аз нав рушд кард. 10 январи 1934 кишвари Сталинград ташкил карда шуд, ки он 5 декабри 1936 ба вилояти Сталинград дар ҳайати ҶШФСР табдили ном кард. Дар солҳои ҶБВ (1941-45) дар ҳудуди вилоят муҳорибаи шадид — Муҳорибаи Сталинград ба вуқӯъ пайваст. Солҳои баъдиҷангӣ дар вилоят коркарди конҳои нафт ва газ оғоз ёфт. Солҳои 1954-57 12 ноҳияи Волгоград-и имрӯза ба ҳайати вилояти Балашов дохил буданд. Соли 1961 вилоят номи ҳозираашро гирифт.

Ҷуғрофиё[вироиш]

Волгоградро дарёи Волга ба ду қисм ҷудо мекунад: ғарбӣ — соҳили рост ва шарқӣ — Заволжия. Соҳили рост нисбатан баланд, бо сою ҷарҳо бурида шудааст. Дар ин ҷо қисми ҷанубии баландии Калач, қисми шарқии қ-теппаи Дон, инчунин пастиҳои Хопёр — Бузулук ва Сарпа воқеъ гаштаанд. Заволжия пастии ҳамвор аст. Байни Волга ва шохаи чапаш — Охтуба дарёбоди Волгаву Охтуба ҷой гирифтааст, ки кӯли бисёре дорад. Дар Волгоград конҳои нафт, газ. оҳан, филиззоти сиёҳу ранга, масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Иқлими вилоят континентии хушки гарм. Ҳарорати миёнаи январ дар ҷанубу ғарб — 8°C, дар шимолу шарқ −12°C; июл дар шимолу ғарб 22°C, дар ҷанубу шарқ 24°C. Боришоти солона 270—450 мм. Д.-ҳои калонаш — Волга, Дон. Дар онҳо неругоҳҳои барқи обии бузург ва обанборҳо сохта шудаанд. Бо бунёди обанборҳои Волгоград ва Симлянск ҷараёни Волга ва Дон танзим ва шароити киштигардӣ беҳтар шуд. Кӯлҳои шӯраш дар Заволжия: Элтон, Боткӯл, Горкий СолёноВолгоград Зиёда аз 83 дарсади ҳудуди вилоят минтақаи дашт аст. Заминаш сиёҳхок, хурмоии тира, дорчинии марғзорӣ ва ғ. 4 дарсади ҳудудаш бешазор.

Ҳайвоноту наботот[вироиш]

Олами ҳайвоноташ гуногун: юрмон, муши даштӣ, калтакалос, мори афъӣ, заргӯш, рӯбоҳ, гург, хаз, сайгак ва ғ. Муши обӣ ва сагобӣ парвариш мекунанд. Парандаҳо бисёранд (чаковак, боша, калхот, чарғ, кабк, бедона, турна, дуғдоғ, сӯфитурғай ва ғ.). Дарёҳои Волга, Дон сермоҳианд, ки қариб 30 навъи онҳо (тосмоҳӣ, симмоҳӣ, гулмоҳӣ, ҷумҷумамоҳӣ, лаққамоҳӣ, суфмоҳӣ, аломоҳӣ, шӯртан ва ғ.) шикор карда мешаванд.

Иқтисод ва кишоварзӣ[вироиш]

Волгоград ноҳияи калони саноатӣ ва кишоварзии Поволжия мебошад. Соҳаҳои асосии саноат: мошинасозӣ ва коркарди филиззот (истеҳсоли трактор, киштӣ, маноракранҳо, подшипник, таҷҳизот барои саноати нафт, саноати электротехникӣ, хӯрокворӣ ва ғ.), сӯзишворӣ (истихроҷи нафту газ), коркарди нафт, кимиё, филиззоти сиёҳ ва ранга, истеҳсоли неруи барқ, сабук ва хӯрокворӣ. Дар вилоят истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати нассоҷӣ, коркарди чӯб ва хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Соҳаҳои асосии кишоварзӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворӣ ва зироатҳои техникӣ — офтобпараст ва хардал (горчица) мекоранд. Чорвои гӯшту ширдеҳ ва гӯсфандони маҳинпашм парвариш мекунанд. Аз ҳудуди вилоят хатҳои муҳимми р. о., роҳҳои автомобилгард, обӣ ва ҳавоӣ мегузаранд. Тӯли хатти р. о. 1,6 ҳазор км, роҳҳои автомобилгард 14 ҳазор км. Поёноби Волга ва Донро наҳри киштигарди Волга — Дон мепайвандад, ки барои интиқоли борҳои гуногун тавассути вилоят аз бандарҳои давлатҳои Аврупо ба минтақаҳои киштигарди Африқо, Шарқи Миёна ва Наздик шароити мусоид фароҳам меорад. Волгоград бо баҳрҳои Балтика, Азов, Сиёҳ, Сафед ва Каспий алоқаманд аст. Шаҳрҳои бандариаш: Волгоград, Калачи Дон, Камишин, Волжский.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Волгоградская область, Физико-географический и экономико-географический обзор. Волгоград, 1970;
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма[вироиш]