Вилояти Вологда
русӣ: Вологодская область | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Маркази маъмурӣ | Вологда | ||||
Роҳбар | Georgy Filimonov[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таърихи таъсис | 23 сентябр 1937 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Вақти минтақавӣ | MSD[d] ва Europe/Moscow[d][1] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Рамзи ISO 3166-2 | RU-VLG | ||||
Коди мошинҳо | 35 | ||||
Вебгоҳи расмӣ(рус.) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вилояти Вологда (русӣ: Вологодская область) — вилоят дар Федератсияи Русия. 23.9.1937 ташкил шудааст. Дар шимол бо вилояти Архангелск, дар шарқ бо вилояти Киров, дар ҷануб бо вилоятҳои Кострома ва Ярославл, дар ҷанубу ғарб бо вилоятҳои Твер ва Новгород, дар ғарб бо вилояти Ленинград, дар шимолу ғарб бо Ҷумҳурии Карелия ҳамсарҳад аст.
Ба ҳайати Округи федералии Шимолу Ғарбӣ дохил мешавад. Масоҳаташ 145,7 ҳазор км². Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2013). 26 ноҳия, 15 шаҳр, 22 шаҳрак ва 322 деҳа дорад. Марказаш — шаҳри Вологда. Мақоми олии ҳокимияти иҷроия — Ҳукумати Вологда, ҳокимияти қонунбарор — Маҷлиси қонунбарор. Роҳбари вилоят — губернатор.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Вологда маскуншавӣ дар давраи палеолит оғоз ёфтааст. Дар ҳазорсолаи 1-уми м. дар ҳудуди Вологда қабилаҳои фину угорӣ (вепсҳо ва дигарҳо) зиндагӣ мекарданд. Қабилаҳои славянии словенҳои иллинӣ ва кривичҳо дар кишвар аз садаи VII маскун шуда, шаҳрҳои Белоозеро, Великий Устюг, Вологдаро бунёд намуданд. Ҳудуди Вологда дар асрҳои 12-15 ба ҳайати мулки Новгород ва Князии бузурги Владимир дохил мешуд. Дар асрҳои 13-14 дар ин ҷо князии Белозёрск вуҷуд дошт. Аз охири садаи XIV — дар тобеияти ҳукумати МаскаВологда Дар садаи XV дар кишвари Вологда бисёр дайрҳои православӣ бунёд карда шуданд. Дар садаи XVII аз Вологда ба Сибир роҳ кушода шуд. Соли 1708 ҳудуди Вологда ба ҳайати губ. Архангелск дохил шуд. Аз 23.9.1937 дар ҳайати Федератсияи Русия. Ҳудуди собиқ уездҳои Яренск, Уст-Сисолск ва Солвичегодск дар садаи XX ба ҳайати вилояти Архангелск ва Ҷумҳурии Коми гузаштанд. Шаҳрҳои собиқ губ. Новгород — Кириллов, Белозёрск ва Череповетс дар ҳайати Вологда монданд. Дар Вологда аз нимаи дуввуми садаи XVIII саноати коркарди чӯб тараққӣ кард.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Вологда дар қисми шимолу ғарбии ҳамвории Аврупои Шарқӣ воқеъ аст. Релефаш сертеппа. Дар ин ҷо пастиҳои назди Онега, Мологаву Шексна, ҳамвориҳои Андога, Белозёрск ва Кириллов, баландиҳои Андов, Вепсҳо, Вологда, Галич, Верхневажский ҷой гирифтаанд. Баландиаш аз с. б. 150—200 м. Иқлимаш континентии муътадил. Ҳарорати миёнаи январ дар ғарб −11 °C, дар шарқ −14 °C, июл мувофиқан +16 °C ва +18 °C. Боришоти солона — 500—650 мм. Дарёҳои Вологда — Сухона, Юг, Молога, Шексна. Манбаашон барфу борон. Дар Вологда қариб 4 ҳазор кӯл мавҷуд аст. Дарё ва кӯлҳо ба ҳавзаи баҳри Балтика, баҳри Сафед ва баҳри Каспий мансубанд. Дар қисми ҷанубу ғарбӣ обанборҳои Шексна ва Рибинск, дар қисми ғарбӣ кӯлҳои Сафед, Кубек ва Вожа ҷойгиранд. Дар қисми шимолӣ роҳи обии Волга — Балтика кӯли Онегаро бо дарёи Волга мепайвандад. 70 дарсади ҳудуди Вологда бешазор, 10 % марғзор, қариб 12 % ботлоқзор аст. Ҳайвоноти Вологда — заргӯш, гавазн, хирси малла, савсори даштӣ, қашқалдоқ, гург, рӯбоҳ; аз парандаҳо — кабки хокистарранг, титав, дурроҷ. Дар кӯлу дарёҳо озодмоҳӣ, нелма, симмоҳӣ, суфмоҳӣ, аломоҳӣ, шӯртан ва ғ. бисёранд. Дар Вологда боғи миллии Шимоли Рус ва мамнуъгоҳи ба номи Дарвин мавҷуданд. Вологда аз сарватҳои табиӣ ғанӣ нест. Дар ҳудуди вилоят конҳои торф, масолеҳи бинокорӣ, намаки ош ва обҳои маъданӣ мавҷуданд; дар дарёҳо марҷон вомехӯрад.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Соҳаҳои асосии саноати Вологда: филиззоти сиёҳ, чӯбтайёркунӣ ва чӯбгарӣ, мошинасозӣ, сабук (асосан коркарди зағирпоя), кимиё ва хӯрокворӣ. Аз ҳунарҳои нафиса тӯрбофӣ, саводкории нуқра ривоҷ ёфтааст. Соҳаи асосии кишоварзӣ — чорводорӣ (барои шир). Ғалладона, картошка, сабзавот, зағирпоя мекоранд. Аз чорво гов, бузу гӯсфанд ва хук парвариш мекунанд. Вологда маркази муҳимми нақлиётист. Аз Вологда роҳҳои оҳан ба самтҳои ҷануб (Ярославл — Маскав), ғарб (Волховстрой — Санкт-Петербург), шимол (Архангелск, Мурманск, Двинаи Шимолӣ, Котлас, Сиктивкар, Воркута, Сосногорск) ва шарқ (Киров — Перм — Остона), шоҳроҳи автомобилии федералии Маскав — Ярославл — Вологда — Архангелск мегузаранд. Бандари Череповетс яке аз бузургтарин бандарҳо дар роҳи обии Волга — Балтика мебошад.
Маориф ва фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Вологда Донишгоҳи давлатии техникии Вологда, Донишгоҳи давлатии Череповес, осорхонаҳо, 5 театр фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чупров И. М. По Вологодской области // Физкультура и спорт. М., 1974;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вологда // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.