Jump to content

Боязиди Румӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боязиди Румӣ
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода

Боязиди Румӣ (форсӣ: بایزید رومی‎,[1] Боязид Халифа ибни Абдуллоҳи Туркӣ (ар. بايزيد خليفة بن عبد الله الرومي[2]), Боязиди Дарвеш, Боязиди Сонӣ; қарни XVI) — шоир ва орифи турк.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз омӯзиши улуми мутадовилаи давр ва касби камол ба тасаввуф рӯй овард. Муршидаш Ҷамолуддини Хилватӣ машҳур ба Халифа Чалабӣ буд. Роҳи тариқатро тай намуд ва худ муршид шуд. Пайравони бисёре дошт. Ба сабаби иродаташ ба Боязиди Бастомӣ лақаби Боязиди Сониро гирифта буд.

Дар ашъо­раш, ки ба забони содаву равон гуфта шудаанд, ақоиду назариёти тасаввуфиро иброз доштааст. Дар шеър ба вазну қофия кам эътибор додааст. Аз осори Боязиди Румӣ манзумае ба забони туркӣ (5500 байт) бо номи «Сирри ҷонон» мавҷуд аст. Дар ин асар мавзӯъҳои тасаввуф дар таъсири Ибни Арабӣ шарҳу тафсир шудаанд. Нусхаҳои асар дар китобхонаҳои Истанбул мавҷуданд. Асари дигари ӯ «Сиҷанҷалу-л-арвоҳ» дар шарҳу тафсири сураи «Фотиҳа» мебо­шад. Дар ин бобат дар «Кашфу-з-зунун»-и Ҳоҷӣ Халифа, донишномаҳои туркӣ оид ба забону адабиёт ва ислом ит­тилоъ дода шудааст.

Ба қалами ӯ инчунин асарҳои дигаре «Баёну-л-асрор ли-л-аҳрор фӣ баводи-л-Малики-л-Ҷаббори-л-Ғаффор», "Ҳошия бар «Анвору-т-танзил»-и Байзовӣ, "Ҳошия ало «Фусуси-л-ҳикам», «Рисолату-л-вуҷуд», «Шарҳу-н-нусус», «Тури Сино», "Шарҳи «Фусусу-л-ҳикам» тааллуқ доранд. Нусхае аз ин асар дар китобхонаи Сулаймонияи Туркия маҳфуз аст.

  1. بایزید رومی - ویکی فقه. fa.wikifeqh.ir. 4 май 2024 санҷида шуд.
  2. بايزيد خليفة. marjah.net. 4 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 май 2024.