Боғи Ирам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Боғи «Ирам»)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Лола

Боғи «Ирам» - (собиқ Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон) дар ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе, соҳили чапи дарёи Варзоб (Душанбе-дарё) воқеъ аст.

Тавсиф[вироиш]

Боғи ботаникии шаҳр, дар қисмати марказии ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе, соҳили чапи дарёи Варзоб (Душанбе-дарё) воқеъ аст. Масоҳати майдони боғ - 40 га аст. Даромадгоҳи боғ дар қисмати шарқии он воқеъ гардида ба гулхонаи (оранжереяи) шишагин (дар марказ) мебарояд. Аз оранжерея ба дигар самтҳои боғ роҳраву гулгаштҳо тақсим мешаванд. Дар қисмати шимолии боғ бинои Институти ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Таърих[вироиш]

Гулҳои боғ

Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон соли 1933 бо ташаббуси профессор Федченко Б.А. мудири шуъбаи ботаникаи базаи Тоҷикистонии АИ СССР бунёд шудааст. Дар назди даромадгоҳи боғ аввалин дарахтони с.1930-юм аз ҷониби ходимони шуъбаи ботаникаи базаи Тоҷикистонии АИ СССР шинонида шуда қомат афрохтаанд. Баъд аз таъсис гардидани Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) барои сохтумони гулхонаи (оранжереяи) гармкунандаи шишагин с.1960-ум маблағ ҷудо карда шуд. Дар майдони боғ дарахту гулбуттаҳои гуногун аз гӯшаву канори дунё, ки аксарияташон ба Китоби сурхи наботот сабт шудаанд, ҷамъ оварда шудаанд. Соли 2007 аз ҷониби шимолии гулхонаи (оранжереяи) шишагин осорхонаи кушодаи табиӣ, ки дар он намунаи хонаи истиқоматии маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ва инчунин аловхона, оташдон, танӯр, осиёбхона ва ғайра бунёд карда шуд. Дар 5 минтақаи ҷуғрофии боғ 1765 намуди дарахт, аз қитъаи Аврупову Сибир - 188 намуд, Баҳри Миёназамин - 303 намуд, Осиёи Миёна - 144 намуд, Америкаи Шимолӣ - 363 намуд, Осиёи Шарқӣ - 167 намуд парвариш карда шудааст. Аз 141 намуди дарахтони сӯзанбарг 25 намуд барои парвариш дар шаҳру шаҳракҳои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Ходимони илмии боғ зиёда аз 1000 намуд гулҳои ороишӣ ва буттаҳои гуногун парвариш мекунанд. [1]

Иваз намудани номи боғ[вироиш]

Дар арафаи 20 - солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар боғ якчанд айвонҳои миллии чӯбини кандакоригардида ва назди онҳо ҳайкалҳои ҳайвонҳои гуногун гузошта шуданд. Дар давоми гулгашти асосии боғ асбобҳои варзишӣ ва курсиҳо гузошта шуданд. Инчунин ин ҷо Амфитеатр бо 1500 ҷойи нишаст бунёд шуд. Боғи ботаникии шаҳр ба боғи марказии фароғат ва истироҳати сокинони Душанбе мубаддал гаштааст. Бо қарори Ҳукумати шаҳри Душанбе номи боғ иваз гардид ва Боғи Ирам номида шуд. Боғ дорои мавзеъҳои тамошобоб монанди: ҳавз бо гулҳои нилуфар, айвонҳои кандакоришуда бо ҳайкалҳои ҳайвоноти гуногун, қитъаи "маҳаллаи косибон", оранжерея, гулгашуту роҳрави варзишӣ, намоишгоҳи мурғони товус ва Амфитеатри тобистона аст. Дар Боғи «Ирам» чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Рӯзҳои истироҳат намоиши маҳсулоти миллии косибон, рассомон ва ширкатҳои маҳаллӣ барпо мегардад.Ба ин боғ доимо садҳо сокинони Душанбе ва меҳмонон ташриф меоранд. Хусусан рӯзҳои ҷашн боғ серодам аст. Аз рӯйи анъана арӯсу домоде, ки оила барпо мекунанд, бо камоли майл ба боғи мазкур ташриф меоранд.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Ботанический сад Академии наук РТ

Манобеъ[вироиш]

  • Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). – Душанбе, 2008, с.277 - 278