Jump to content

Боғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод.
Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод.

Бòғ, равза, равзагоҳ, фирдавс — майдони сабзу хуррам, ки дар он бутта, дарахтони меваю бемева, ток ва гулҳои рангоранг мерӯяд

Боғдорӣ шуғли қадимаи тоҷикон аст. Ҳанӯз дар китоби Авесто муқаддасии дарахтони меваю ток зикр ёфтааст. Бино ба маъхазҳои таърихӣ аҷдоди тоҷи кон дар давраи Подшоҳони Юнону Бохтар ва аҳди Кушониён ба бунёди боғ машғул будаанд. Солҳои 400—350 то милод. Истаравшан бо боғоти дарахтони мевадор ва токзори худ шуҳ рати ҷаҳонӣ дошт. Дар асрҳои 14—15 боғҳои шаҳрҳои қа димӣ, аз ҷумла боғҳои шаҳри Самарқанд (Боғи Зоғон, Боғи Баланд, Боғи Биҳишт, Боғи Давлатобод, Боғи Дилкушо, Боғи Майдон, Боғи Нав, Боғи Чинор, Боғи Шамол, Боғи Ҷаҳоннамо ва ғайра) машҳур буданд. Дар ин боғҳо меваҳои гуногуни хуштаъм, ангурҳои хуштаъм (Риши бобо, Ҳусайнӣ), ҳатто парандагони хушхону зебо (товус, тазавр, кабк ва ғайра), сарҳавз ва фаввораҳои об мавҷуд буданд. Санадҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки дар боғҳои Самарқанд аҳли илму адаб ва вакилону арбоби мамолики хориҷӣ қабул карда мешуданд. Дар Боғи Баланд то ҳол ангурзор, себзор ва ан ҷирзорҳо мавҷуданд.

Таснифоти боғҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Боғҳоро ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд, масалан, боғҳои саноатӣ, мактабӣ, ҳаётавӣ, коллексионӣ, ниҳолпарварӣ, селексионӣ, ботаникӣ ва ғайра. Боғи саноатиро дар хоҷагиҳои махсус аз рӯйи лоиҳа (масоҳат аз 150—500 то 1000 га) бунёд мекунанд. Маҳсулнокии чунин боғҳо ба дуруст интихоб кардани замин ва навъҳои дарахтони мева вобаста аст.

Бунёди боғҳо дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бунёди боғи нави себ ва нок дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод.
Бунёди боғи нави себ ва нок дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод.

Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон ба бунёди боғ тирамоҳ ё баҳор, инчунин зимистон (рӯзҳои бесармо) шурӯъ мекунанд. Пеш аз боғсозӣ тарзи ҷойгиршавии қитъаҳо, ҳосилхезӣ ва таркиби ҷойгирии обҳои зеризаминӣ, самти вазиши шамол ва ғайраро ба назар гирифта, нақшаи сохтмони анбори мева, иморатҳо ва сехҳои таҳвили ҳосилро тартиб медиҳанд. Нишебиҳо, теппаҳои ноҳамвор, пастхамӣ ва мавзеъҳои сершамол барои боғдорӣ мувофиқ нестанд. Барои боғ заминҳои хокаш ковоку нарм ҷудо карда мешавад. Ин заминҳо бояд аз намакҳои зарарнок, хусусан аз намакҳои хлорид ва фосфор орӣ бошанд. Обҳои зеризаминии камнамак аз сатҳи замин бояд дар умқи 2 м (обҳои шӯр — 3 м) ҷойгир бошанд. Заминҳои оби зеризаминиашон наздикро бо роҳи кофтани заҳбур ва заҳгуре зонию шӯршӯӣ барои боғдорӣ мувофиқ мекунанд.

Техникаи дурусти бунёди боғҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо мақсади истифодаи дурусти техника боғро ба таври росткунҷа бунёд ё ба растаҳо (25—30 га) ҷудо менамоянд. Дар байни растаҳо ба васеии 6-8 м роҳ мемонанд. Ба растаи якум меваи пешпазак, ба растаи дуюм меваҳои миёна солӣ ва ба растаҳои дигар навъҳои меваи тирамоҳиро шинондан хуб аст. Дар зардолузор ё олузори саноатӣ 2—3 навъ ниҳоли пешпазак ва 3-4 навъ ниҳоли миёнапазак мешинонанд. Ҳангоми бунёди зардолузоре, ки мевааш барои хушкондан пешбинӣ шудааст, 2—3 навъи пешпазак, 2—3 навъи мевааш консервбоб ва 3—4 навъи мевааш ғӯлингбоб (Бобоӣ, Қандак) ва аштаку баргакбоб (Мирсанҷарӣ, Исфарак, Субҳонӣ ва Хурмоӣ) шинондан муфид аст. Дар себзоре, ки ҳосилаш барои тархӯрӣ пешбинӣ гаштааст, 2—8 навъи пешпазак, 2—3 навъи миёнапазак ва 3-4 навъи дерпазак мешинонанд. Дар байни дарахтони ин гуна боғҳо ниҳоли 2—3 навъи шафтолуро бояд ҷой дод. Ниҳоли шафтолу тезрас буда, соли дуюм ё сеюми шинондан ба ҳосил медарояд. Ҳангоми бунёди боғ ба тартиби шинондани навъҳои дарахтони гардолудкунанда эъти-бор додан лозим аст, зеро гули бисёр дарахтони мева аз гарди гули ҳамҷинси худ гардолуд мешавад. Одатан, 4-6 қатор дарахтони меваи асосӣ ва 1-2 қатор дарахтони гардолудкунандаро мешинонанд. Ба ҳар га боғ 1—2 қуттӣ занбӯри асал гузоштан ҳам муфид аст. Дар боғ ниҳоли зардолу, себ, олу, нок, биҳӣ ва гелоси ба хасаки зудсабз пайвастаро ба тартиби 8х8, 8х6, 6х6, ба хасаки миёнасабз пайвастаро ба тартиби 6х6, 6х4 ва ба хасаки сустсабз пайвастаро бо усули 5х2, 5×3 м мешинонанд. Буттаҳои ғуҷуммева (тамашк, қот, бектошӣ)-ро бо тартиби 0,8 х 0,4—0,5 ва шоҳтути заминиро аз рӯйи тартиби 0,6×0,3 м бояд шинонд. Тақрибан 2—3 моҳ пеш аз шинондани ниҳол ба ҳар га замини боғ 30—40 тонна пору ва 10—20 тонна нуриҳои фосфордор андохта, дар умқи 50—70 см (бо позаи плантажӣ) шудгор мекунанд. Ниҳол ҳоро дар чуқурчаҳои андозаашон 50 х 50, 60 х 70 см мешинонанд. Минбаъд вобаста ба синну сол бехи ниҳол ҳоро дар умқи 15—20 см нарм ва байни қаторҳоро 3-5 маротиба култиватсия мекунанд. Солҳои аввал дар байни қатори ниҳолҳо нахӯд, мош, гиёҳҳои яксола, ка ду, тарбуз, харбуза, қулфинай, помидор, карам, лаблабу ва картошка шинондан мумкин аст. Кишти рустаниҳои хӯшадор боиси сахт хушкидани замин ва зиёд шудани алафҳои бегона мегардад; кишти офтобпараст, ҷуворимакка ва тамоку ба сабзиши муътадили ниҳолҳо халал мерасонад. Дар боғи марғзорӣ (дарахтонаш қадпаст) ниҳолҳои сустсабз, масалан, Себи пешпазаки самарқандӣ, Старкримсон, Старк Делишесро, ки ба ниҳоли хасак (асосан М-9) пайванд карда шудаанд, парвариш мекунанд. Аз рӯйи тартиб (0,4—0,9х0,15х0,4 м) ба ҳар га 55—120 ҳазор бех ниҳол ҷой дода мешавад.

Тарзи нигоҳубини боғҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Боғи бисёрсолаи себ дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод.
Боғи бисёрсолаи себ дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод.

Бо мақсади боздоштани рушд ва зуд ба ҳосил даромадан ҳар сол ба ниҳолҳо доруҳои махсус (ретордантҳо) мепошанд.

Баъди ғунучини мева шохаи ниҳолҳоро 1,5-2 см болотар аз ҷойи пайванд мебуранд. Баъдан ниҳолҳо боз шоха меронанд ва самар меоваранд. Дар боғҳои ҳаётавӣ ва дастаҷамъӣ аз 5-6 хели дарахтони мева ва ток 2—3 бех навъи дилхоҳ шинонда, барои кишти сабзавот ва буттаҳои ғуҷуммева ҷой ҷудо мекунанд. Боғҳои мактабӣ хусусияти таълимӣ доранд. Барои боғҳои ҳаётавӣ ва мактабӣ чунин меъёри нурӣ муқаррар карда шудааст: барои ҳар бех дарахти 1—2-сола 10—15 кг поруи пӯсида (компост), 65—70 г нитроген, 100—150 г фосфор ва 25—30 г калий, барои ниҳолҳои 3—4-сола 20—25 кг пору, 100—110 г нитроген, 160—180 г фосфор, 40—50 г калий ва барои дарахтони 5—6-солаи навбар 30-40 кг пору, 150—160 г нитроген, 250—270 г фосфор, 50-70 г калий. Ҳангоми обмонӣ (дар давраи нашв) хоки бехи дарахтони беҳосил ва навбар бояд то умқи 30-50 ва дарахтони ҳосилдеҳ 80—100 см нам гирад. Дар ниҳолхонаҳо аз тухм (донак) ё қаламча ниҳоли хасак парварида, онҳоро ба таври дилхоҳ пайванд мекунанд. Тарзи нигоҳубини чунин боғҳо ба нигоҳубини боғҳои саноатӣ монанд аст. Боғҳои коллексионӣ ва селексиониро дар муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ бо мақсади рӯёндани навъҳои нав, беҳтар намудани навъҳои мавҷуда ва ғайра бунёд мекунанд. Боғҳои ботаникӣ ва дендрарийҳо муассисаҳои таҳқиқотӣ ва фарҳангию маърифатӣ буда, дар онҳо рустаниҳои маҳал ва дигар кишварҳоро мепарваранд.

Ҳимояи боғҳо аз зараррасонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Боғ аз зараррасонҳо ва касалиҳо осеби зиёд мебинад. Аввали баҳор барои нест кардани ҳашароти зараррасон меваҳои пӯсидаю хушкидаи дарахтонро чида, пӯстлохи кӯҳнаи танаю шохаҳоро тоза мекунанд, дору мепошанд. Агар миқдори зараррасонҳо кам бошад, аз усулҳои биологии мубориза истифода мебаранд. Дар давраи кушода шудани муғчаҳо ва гулшукуфт ба зери дарахтон чодар андохта, шохи дарахтонро меафшонанд, пармачӣ ва ғам бускҳои рехтаро ҷамъ оварда, маҳв месозанд. Заҳрбандакҳои танаи дарахтонро мунтазам гирифта, зараррасонҳои дар онҳо ғуншударо нест кардан лозим аст. Дар мавзеъҳое, ки дарахтон аз касалиҳои тосак ва доғзадагӣ сахт осеб дидаанд, айёми бозшавии муғҷаҳо маҳлули 3—4-фоизаи бордосӣ мепошанд. Ҳангоми гулшукуфт ба дарахту бут таҳо пошидани дору манъ аст, чунки он гарди гулро шуста, ба ҳосил зарар мерасонад, занбӯри асал ва дигар ҳашароти фоиданокро нобуд мекунад. Тирамоҳ танаи дарахтонро сафед карда, хазонро ғундошта мегиранд. Ба боғ хояндаҳо (калламуш, харгӯш) низ зарари калон мерасонанд. Бо мақсади нест кардани онҳо аз мушгирак ва мулӯҳҳои заҳрнок истифода мекунанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Сильвандер В. Г., Веселовская Е. А. Развитие интенсивного плодоводства Таджикистана. Д., 1987;
  • Гулов С. М. Мевапарварӣ. Д., 2007;
  • Ӯрунов Ф. У. Ниҳолпарварӣ. Д. 2008;
  • Гулов С. М. Меваҳои субтропикии Тоҷикистон. Д., 2009;
  • Гулов С. М., Ӯрунов Ф. У. Бунёд ва нигоҳубини боғҳо дар Тоҷикистон. Д., 2010.