Боғи маданият ва истироҳат
Боғи маданият ва истироҳат — муассисаи фарҳангию маърифатӣ, ки бо мақсади баҳрабардории беҳтар аз шароити табиӣ ба хотири истироҳати фарҳангии мардум ва баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангию маърифатӣ ва варзишию тандурустӣ таъсис меёбад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Боғи маданият ва истироҳати аввалин соли 1936 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) кушода шуд. Боғ пайроҳаву хиёбон, гулгаштҳо, шипангу коху толорҳои осоишӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғ. дорад, ки барои истироҳат ва машқу таълими мардум дар назар дошта шудаанд. Боғ минбаъд номи В. И. Ленинро гирифтааст. Дар гулгашти асосӣ, маркази боғ ҳайкали В. И. Ленин гузошта шуда буд. Боғ дорои толори хониш, стансияи техникҳои ҷавон, хонаи варзиш, кинотеатри тобистона, майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол, футбол ва ғ. буд. Дар он инчунин маҳфилҳои драма, хор ва рақс амал мекарданд.
Дар деҳистонҳои Тоҷикистон нахустин Боғ (Боғи колхозӣ) с. 1937 дар колхози Ворошилови ноҳияи Ленинобод (ҳозира ноҳияи Ғафуров) ба масоҳати 25 га бунёд шуд. То соли 1939 дар ҷумҳурӣ 4 адад ва соли 1948 16-то боғ вуҷуд дошт, ки 8-тои он (дар Сталинобод, Қӯрғонтеппа, Ленинобод, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Кӯлоб, Хоруғ) доимо фаъол ва боқимонда (Балҷувон, Кӯктош, Қизилмазор, Регар, Сарихосор, Шаҳритуз, Ғарм) дар вазъи таъсисёбӣ буданд. Боғҳои маданият ва истироҳат баъдан дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барпо шуданд, ки дар онҳо мулоқоту суҳбату суханрониҳо ва як қатор маъракаҳои омӯзишиву фарҳангиву варзишӣ баргузор мегардиданд. Дар Б. театри тобистона таъсис ёфт, ки дар саҳнаи он намоиши спектаклу инссенировкаҳо, озмуни дастаҳои ҳунарии ҳаваскор, карнавалҳо ва диг. чорабиниҳои театрӣ гузаронда мешуданд. Хидмати Б. ба мардум пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ коста нашуд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ 44 боғи фарҳангиву фароғатӣ дар ба рӯи мардум боз кардаанд, аз ҷумла 17-то дар вилояти Хатлон, 13-то дар вилояти Суғд, 2-то дар ВМКБ, 8-то дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 4-то дар шаҳри Душанбе. Ба ифтихори 20-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ соли 2012 дар шаҳри Душанбе Боғи "Пойтахт" кушода шуд, ки бо маҷмӯи аттраксиону арғунчакҳои замонавӣ, майдончаҳои афсонавӣ ва фаввораҳои рангаи мусиқӣ дар Осиёи Марказӣ назир надорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боғи маданият ва истироҳат // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Салия Мамаджанова, Рустам Мукимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Душанбе, 2008. — С. 278
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.