Jump to content

Боқии Рӯдӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боқии Рӯдӣ
Зодгоҳ: Бухоро
Таърихи даргузашт: 1560(1560)
Навъи фаъолият: нависанда

Боқии Рудӣ (форсӣ: باقئ رودی‎; ?, Бухоро — 1560, Ҳирот) — оҳангсоз, овозхон, мусиқидон ва шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро аз падараш омӯхта, барои такмили донишу ҳунар ба Самарқанду Марв ва Ҳирот сафар кардааст. Аз ҷавонӣ ба фарогирии навохтани созҳои мусиқӣ, бахусус руд, қонун, барбат (уд), танбӯр ва зарбгарӣ (дафу дойра) машғул шуда, дере нагузашта дар навохтани сози руд машҳур гардид. Дар жанрҳои шеърию мусиқии «савт», «пешрав», «кор», «қавл», «рехта», «куллиёт», «кор ва усул» ва ғ. барои созу овоз таснифоти рангин офарид. Асарҳои ӯ «Савти Чаманоро» (дар усули «Фохтазарб», ба мақоми «Наво», ғазали Кавкабии Бухороӣ), «Амали Хиром» (дар усули «Уфар» ва «Барафшон», ба мақоми Кӯчак", ғазали Абдурраҳмони Ҷомӣ), «Нақши Сарви Сиҳӣ» (дар усули «Шодиёна», ба мақоми «Исфаҳон», ғазали Саъдии Шерозӣ), «Пешрави Панҷгоҳ» (дар усули «Туркзарб», ба мақоми «Ушшоқ» ва шуъбаи «Панҷгоҳ», ғазали Биноӣ"), «Савти Чоргоҳ», «Таронаи Панҷгоҳ» (дар усулҳои «Фаръ», «Самоӣ», ғазалҳои Котибӣ ва Биноӣ) дар ҳаёти мадании Ҳирот, Бухоро ва Самарқанд шуҳрати зиёд доштанд. Боқии Рудӣ ҳангоми дар Ҳирот зистанаш бо устоди мусиқии он давр Ғулом Шодӣ ҳамкорӣ дошта, чанд асари мусиқӣ офаридааст, ки «Савти Ҳиротӣ» ва «Куллиёти Рудӣ» аз қабили маъмултарини онҳо мебошанд. Боқии Рудӣ табъи шоирӣ дошта, ба тахаллуси «Рудӣ» ғазалу рубоиҳои дилнишин сурудааст.