Jump to content

Боқии Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боқии Табрезӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис, шоир
Забони осор: форсӣ

Мир Абдулбоқӣ (форсӣ: میرعبدالباقی‎; зод. Табрез), мулаққаб ба Донишманд (форсӣ: دانشمند‎) — хаттот ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз суханварон ва катибанависони соҳибном ва суфимашраби Табрез. Дар хонақоҳи мавлавиҳо сукунат дошт. Аз ин рӯ, бо номи Абдулбоқии Суфӣ низ машҳур буд. Боқии Табрезӣ бо даъвати Муҳаммад Раҳимхон (Хони Хонон) чанд муддат дар Ҳиндустон зиндагӣ карда, баъд ба Бағдод рафтааст ва назди Алоуддини Табрезӣ ва Алиризо Аббосӣ машқи хат кардааст. Баъдан аз Бағдод ба Исфаҳон омада, ба катибанависӣ машғул шуд. Дар навиштани хутути сулс, насх, настаълиқ ва риқоъ беназир буд. Баъзе аз катибаҳои Масҷиди ҷомеи Аббосии Исфаҳон (1611, меъмораш Муҳаммадҳусайни Чалабӣ) маҳсули ҳунари Боқии Табрезӣ мебошанд. Дар фунуни фазоили ҳикмат ва арабият низ маҳорат дошта, баъзан ашъори орифонаву ошиқона иншо кардааст. Боқии Табрезӣ аз муосирони Иброҳими Ҳамадонӣ буд ва бо ӯ дӯстӣ дошт. Китобҳои «Минҳоҷу-л-вилоя ан китоби наҳҷу-л-балоға» (дар гузориши «Наҳҷу-л-балоға», дар 12 боб), «Тафсиру-л-Қуръон» (дар тариқаи тасаввуф), «Девони шеър» ва ғайра аз намунаи осори ӯст.