Боқирия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боқирия (форсӣ: باقریه‎) — як фирқаи имомии шиъа, ки пайравонаш имоматро аз Алӣ ибни Абутолиб то имом Боқир расонда, ӯро Маҳдӣ эълон карданд ва муътақиданд, ки бо барқарор шудани адолат ӯ боз муроҷиат хоҳад кард. Онҳо барои тасдиқ ва тақвияти ин ақидаи худ ривоятеро созмон доданд, ки тибқи он гӯё Пайғамбар (с) ба тавассути охирин саҳобааш Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ ба Боқир пайғом фиристодааст. Боқириён пайғоми мазкурро далел барои маҳдавияти Муҳаммад Боқир медонанд. Шаҳристонӣ дар «ал-Милал ва-н-ниҳал» ин ақидаро рад намуда, ба тавассути шахси севвум (ё худ восит) пайғом фиристодани Муҳаммад (с)-ро далели маҳдавият намедонад ва аз ин рӯ, боз ба олами моддӣ баргаштани Муҳаммад Боқирро рад мекунад. Ӯ инчунин пайравони ҷаъфарияро низ асҳоби Муҳаммад Боқир ва фарзанди ӯ Ҷаъфари Содиқ (фавт 765) медонад. Бино ба қавли Муҳаммади Шаҳристонӣ, пайравони ҷаъфария имомати ҳар дуро эътироф карда, баъзеашон ба имомати Муҳаммад Боқир ва баъзеи дигарашон ба имомати фарзанди ӯ имом Ҷаъфари Содиқ қоиланд. Баъдтар дар баъзе адабиёти динӣ ва маорифи исломӣ ҷаъфариёнро пайравони мазҳаби панҷуми рошидӣ хонда, бо чаҳор мазҳаби суннӣ баробарҳуқуқ арзёбӣ намудаанд. Ҳоло Боқирия ҳамчун фирқаи мустақили динӣ фаъолият намекунад, вале баъзе нуқтаҳои таълимоташ дар ақоиду орои аҳли шиа мушоҳида мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]