Боқири Табрезӣ
Зоҳир
Зодгоҳ: | |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Мирзобоқири Табрезӣ (форсӣ: میرزا باقر تبریزی, муллақаб ба Фахрулкуттоб) — хушнависи табрезӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Замоне дар хидмати Лутфалихони Данбалӣ Носируссултон ва муддате дар дастгоҳи Имомқулӣ Мирзо — писари шоҳзода Маликқосим Мирзои Қоҷор ба касби котибӣ машғул буд. Боқири Табрезӣ шикастаи настаълиқ ва настаълиқро хуб менавишт ва ҳунари қаламдонсозиро медонист. Китобати «Калила ва Димна»-и Баҳромшоҳӣ, «Ҳуҷҷату-с-саодат»-и Муҳаммад Ҳасанхон Эътимодуссалтана ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозиро ба ӯ нисбат медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқири Табрезӣ / Н. Шарипов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.