Jump to content

Боқирхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боқирхон
Сурат
Таърихи таваллуд 1862
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1916
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша сиёсатмадор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Боқирхон (форсӣ: باقرخان‎, озарбойҷонӣ: Bağır xan; 1862, Табрез1916, Курдистон) — яке аз сарварони наҳзати Табрез (1908—1909), мулаққаб ба Солори миллӣ (форсӣ: سالار ملی‎).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

То инқилоби машрута (1905-07) ба бинокорӣ машғул буд. Ҳаёти Б. дар давраи инқилоб бо воқеоти зиндагии Сатторхон марбут аст ва ин ду шахсият ба унвони ду ҳамразм ёд мешаванд. Пас аз табаддулоти Муҳаммадалишоҳи Қоҷор бар зидди низоми машрута, пароканда шудани Маҷлиси Шӯрои Миллӣ ва шикасти машрутахоҳон дар Теҳрон (22 июни 1907) маркази муқовимати машрутахоҳон ба Табрез интиқол ёфт. Анҷумани иёлотии Табрез аз ҳисоби муборизони Табрез бо сарварии Сатторхон ва Боқирхон нерӯҳои ҳарбӣ таъсис намуд (сентябри 1907). Дар тӯли ёздаҳ моҳи мубориза ба Сатторхон ва Б. муяссар гардид, ки нерӯҳои истибдодии шоҳро бо сарварии Абдулмаҷид Мирзо (Айнуддавла) шикаст дода, ба ақибнишинӣ маҷбур намоянд. Айнуддавла Табрезро дар ҳолати муҳосира нигоҳ медошт, вале Б. ҳамвора истодагарӣ мекард. Русия ва Англия, ки пас аз қарордоди соли 1907 ҳар кадом қисмате аз сарзамини Эронро амалан дар ихтиёр доштанд, тавофуқ карданд, ки бо мақсади ҳимояи шаҳрвандони хориҷӣ кувваҳои низомии рус вориди Табрез шаванд ва роҳи маводди хӯрокиро ба шаҳри Табрез кушоянд. Сатторхон ва Б. аз идомаи мубориза даст кашида, пас аз воридшавии русҳо ба консулгарии Усмонӣ паноҳанда шуданд (июни 1909).

Дар ин байн Теҳрон аз ҷониби муборизони бахтёрӣ ва гелонӣ истило гардида, ба салтанати истибдодии Муҳаммадалишоҳ хотима дода шуд ва ҳукумати муваққатӣ таъсис гардид. Русҳо барои хориҷ кардани Сатторхон ва Б. аз Табрез мекӯшиданд ва Мухбируссалтана (волии нави Озарбойҷон) ба ин андеша мувофиқ буд, ба далели ин ки онҳо ба дастурҳои давлат итоат намекарданд. Сатторхон ва Б. бо даъвати ҳукумати марказӣ ва ташвиқи Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ ба Теҳрон ворид шуданд. Истиқболе, ки мардуми Теҳрон аз ин ду қаҳрамони муборизи Табрез карданд, то он замон аз ҳеч подшоҳе ба амал наёмада буд. Сатторхон ва Б. расман дар боғи шоҳ пазироӣ шуданд ва дар Кохи Гулистон бо Аҳмадшоҳ мулоқот карданд. Барои Б. Боғи Ишратобод ҷойи иқомати расмӣ таъйин карда шуд. Маҷлиси Шӯрои Миллӣ онҳоро бо орден сарфароз гардонида, барои ҳар кадом 1000 тумон моҳона муқаррар кард.

Дар муборизаи байни эътидолиён ва демократҳо дар ҳукумати машрута бо пуштибонӣ аз гурӯҳи якум бар зидди намояндагони демократи Маҷлис суханронӣ карда, ба тадриҷ робитаҳои байни ду сардори табрезӣ бо Саййидҳасан Тақизода — раҳбари демократҳо тира гардид. Саранҷом Маҷлиси Шӯрои Миллӣ қарор кард, ки муҷоҳидон дар зарфи 48 соат силоҳҳои худро ба ҳукумат супоранд. Ин амр ба ҷанги байни муҷоҳидон ва қувваҳои давлатӣ дар иқоматгоҳи Сатторхон анҷомид ва Б. бо гурӯҳи худ ба сардори миллӣ пайваст. Маҷлис барои Б. сесад тумон моҳона таъйин кард, ки он то охири умр ба ӯ пардохт шавад. Б. дар оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҳамроҳи гурӯҳи озодихоҳон раҳсипори қаламрави Усмонӣ дар Ироқ шуд (ноябри 1915), вале баъди шикасти Олмон ва пароканда шудани озодихоҳон ӯ дар роҳи бозгашт ба ватан дар назди Қасри Ширин аз ҷониби Муҳаммадамини Курди Толибонӣ ба қатл расонда шуд (1916). Баъдан ҷасади Б. аз деҳаи Муҳаммадамин ба Табрез интиқол ёфт.