Боҷ
Боҷ — андозест, ки тоҷир ё шахси дигар ба давлат то фурӯш ва ё баъди фурӯши мол мепардозад.
Боҷ, бож, як навъ андозест, ки асрҳои миёна дар аксар давлатҳо вучуд дошт. Боҷ аз тоҷирону савдогарон барон аз дарё ё пул гузаронидани молхояшон ситонда мешуд, Хачми Боҷ. ба 2,5%-и нархи фуруши мол муайян мегардид. Аксар вакт ин қоида риоя намешуд. Боҷ дар давраи хукмронии муғулхо (асрҳои 13 — 14) хусусияти ғоратгарона гирифт. Бино ба маълумотҳои таърихй амалдорони давлатӣ — роҳдорон вақти Боҷгирӣ аз мансабашон суиистеъмол мекарданд. Мувофикд баъзе ҳуҷҷатҳои таърихӣ асрҳои 18—19 дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ 8 боҷхона мавҷуд будааст. Боҷ на фақат аз гузаронидани мол, балки аз чаронидани чорво низ ситонида мешуд. Масалан. охири садаи XIX чорводорони Истаравшан барои дар чарогоҳҳои Ҳисор чарониидани ҳазор гӯсфанди худ 5 cap гусфанд медоданд. Дар манбаъҳои таърихии асрҳои 16—18 мафҳуми «роҳдорй» мавҷуд аст, ки маънои «Боҷ.»-ро дошт.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рашид-ад-дин, Фазлул ал (1957) Джами ат-таворих, Научно критический текст, т. 3, Баку, 1957; 'Петрушевский И. П., Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII—XIV вв., М.— Л., I960.