Боҷи давлатӣ
Зоҳир
Боҷи давлатӣ — навъи андози ҳатмӣ ба буҷети умумидавлатӣ буда, андозсупорандагони он ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ эътироф гардидаанд. Ин боҷ ҳангоми бо ариза муроҷиат кардани онҳо ба идораҳои давлатӣ барои хидматрасониҳои ҳуқуқӣ ва дидани нусхаи ҳуҷҷатҳо муқаррар шудааст. Аз ин рӯ, меъёри боҷи давлатӣ аз иҷрои ин ё намуди хидмати ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад. Маводи зарурӣ дар ин бобат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали 2004, № 19 зикр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андоз / С. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.