Браҳмагупта
ब्रह्मगुप्त | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 598[1][2][3] |
Зодгоҳ | Удҷайн, Ҳиндустон |
Таърихи даргузашт | тақрибан 670[4] |
Маҳалли даргузашт | |
Фазои илмӣ | нуҷум, риёзиёт, ҳандаса |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Браҳмагупта (598, Удҷайн, Ҳиндустон — 668, ҳамон ҷо), риёзидон ва мунаҷҷими ҳинд. Удҷайн яке аз марказҳои таҳқиқоти нуҷумии Ҳиндустони Қадим маҳсуб мешуд. Зиёда аз 24 асари Б. оид ба нуҷум ва риёзиёт то замони мо расидаанд.[6]
Асарҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Нуҷум
[вироиш | вироиши манбаъ]Асари нуҷумии Б. «Браҳма — сптуха — сиддҳанта» аз 25 фасл иборат аст. Ин асари Б. ба забони арабӣ дар миёнаи садаи VIII тарҷума шуда буд. Тарҷума ба намуди ҷадвал-зиҷ таълиф гардида, эзоҳот ва тавсияҳои бисёр дошт ва «Синдҳинди калон» номида мешуд. Асари дигари бузурги Б. «Кҳандакҳадяка» ном дорад. Б. дар нуҷум оид ба шакли кураи Замин, осмон, гардиши ҷирмҳои осмонӣ, хусуфи Офтоб ва кусуфи Моҳтоб, сояи Офтоб, қирон ва вогурези ҷирмҳои офтобӣ, ҷадвали ҷирмҳо, чор ченаки вақт аз рӯйи гардиши Офтоб ва Моҳ ва ғ. таҳқиқот анҷом додааст.
Риёзиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Б. дар соҳаи риёзиёт низ таҳқиқоти бисёре дорад. Яке аз натиҷаҳои таҳқиқот айнияти Б. мебошад, ки бино бар он ҳосили зарби ду ҳосили ҷамъи квадратҳо худ ҳосили ҷамъи квадратҳо буда, ба замми ин ҳосили ҷамъи духела мебошад: Масалан, .
Ҳандаса
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳандаса теоремаи Б. машҳур аст: дар чоркунҷаи дарункашидашудае, ки диагоналҳои он нисбат ба якдигар амудиянд, агар аз нуқтаи буриши диагоналҳо ба яке аз тарафҳо хатти амудӣ гузаронда шавад, дар ҳолати ба дигар тараф аз нуқтаи буриш давом додани он, ин хатти амудӣ тарафи муқобилро ба ду қисми баробар тақсим мекунад. Формулаи Б. формулаи умумиятдодашудаи Герон барои масоҳати секунҷа мебошад. Яъне, масоҳати давра дар чоркунҷаи кашидашуда, ки тарафҳои ва нимпериметри р дорад, ба таври зерин ҳисоб карда мешавад:.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- en:Brahmagupta–Fibonacci identity
- en:Brahmagupta's formula
- en:Brahmagupta theorem
- en:Chakravala method
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ Hayashi T., Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ (unspecified title) — Детройт: Charles Scribner's Sons, 2008. — ISBN 978-0-684-31559-1
- ↑ https://www.britannica.com/biography/Brahmagupta
- ↑ https://books.google.cat/books?id=aBHSc2hTfeUC&pg=PA181 — С. 181.
- ↑ Сарредаксияи илмии ЭМТ. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик // Ҷилди 3. — Душанбе : ЭР-Граф, 2014, с.162.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — С. 162. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.