Бумбафкан
Бомбаафкан, бомбапарто, бомбаандоз — ҳавопаймоҳои ҳарбӣ барои маҳв кардани ҳадафҳои рӯйизаминӣ, зеризаминӣ, рӯйиобӣ, зериобӣ ва минагузорӣ аз ҳаво.
бомбаафкан қабл аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) пайдо шудааст. Аввал самолётҳои сабуки иктишофи (разведкакунанда)-ро чун бомбаафкан истифода мебурданд. Дар дохили онҳо фақат чанд бомбаи хурд ҷойгир мешуд ва бомбаҳоро ҳавонавардон бо даст мепартофтанд. Дар ин солҳо барои бомбапартоӣ дирижаблҳоро низ истифода мебурданд. Нахустин бомбаафкани мукаммал самолёти чормуҳаррикдори «Иля Мурометс» буд, ки аз тарафи Игор Сикорский соли 1913 сохта шудааст. Дар он бомбаҳоро ҳам дар дарун ҷойгир мекарданд ва ҳам аз берун меовехтанд. Бомбаборонкунии аввалини Порис 30 августи 1914 рух додааст. Ба Англия бори аввал 4 ноябри 1914 ҳавонавардон Каспар ва Росса бомба партофтанд. Дар Олмон нахустин бомбаафканҳо (G-III, G-V) соли 1916 дар ширкати «Гота» аз тарафи ихтироъкори олмонӣ Ферденанд фон Сепелин, авиаконструкторон Эрнст Хейнкел, Адолф Рорбах ва дигарон сохта шуданд. Нахустин бомбаафкан дар ИМА (МВ-1) аз ҷониби асосгузори ҳавопаймосозии амрикоӣ Глен Мартин сохта шуд, ки 17 августи 1918 ба ҳаво парвоз кард. бомбаафканҳо ҷабҳаӣ (дар аввал онро тактикӣ меномиданд) ва дурпарвоз (стратегӣ) мешаванд. Доираи амалиёти бомбаафканҳои ҷабҳаӣ (Су-24, Су-34) хурд буда, асосан барои зарба задан ба ақибгоҳи амалиётии душман пешбинӣ шудаанд. Ҳадафи бомбаафканҳои дурпарвоз (Ту-160, Ту-95, Ту-2243 — Русия; Н-6 — Хитой, В-52, В-1, В-2, — ИМА) маҳв кардани нуқтаҳои муҳимми амалиётӣ ва стратегии душман, мас., анборҳо, пулҳо, заводу фабрикаҳо, бандарҳо ва ғ. мебошад. То оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бомбаафкани вазнин Боинг В-17 «Флайн Фортресс» («Қалъаи парвозкунанда»)-и амрикоӣ ва тезсуръаттарину баландпарвозтарин бомбаафкан дар ҷаҳон бомбаафкани амрикоии Консолидейтед В-24 «Liberator» («Озодкунанда)» буд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) наздики 100 навъи мухталифи бомбаафкан, аз ҷумла бомбаафканҳои ҷабҳаии шӯравии Пе-2, англисии Де Ҳевиленд «Москито», амрикоии А-20 Ҳэвок, А-26 Инвейзер ва бомбаафканҳои дурпарвози русии Ил-4, англисии Виккерс «Веллингтон», амрикоии В-25, «Митчелл», олмонии Не-111, Ju-88 ва ғ. ширкат доштанд. Барои дастгирии қувваҳои хушкигард бомбаафканҳои якмуҳаррикдори Фейри «Беттл», Су-2, Ju-87 ва ғ-ро низ истифода мебурданд. Аз соли 1944 дар амалиёти ҳарбӣ бомбаафканҳои реактивӣ иштирок карданд. Нахустин самолёти маҳвкунанда-бомбаафкан — Мс-262А2 соли 1942 дар Олмон истеҳсол шуд, ки дар беруни он ду бомбаи 500-килоиро меовехтанд. Аввалин бомбаафкани реактивии Ar-234 низ дар Олмон сохта шуд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бомбаафканҳо боиси кушта шудани миллионҳо одамони ғайринизомӣ, валангор гардидани шаҳру деҳот, корхонаҳои бузург ва иншооти ҳаётан муҳим гардиданд. Дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 6 августи 1945 бомбаафкани дурпарвози амрикоӣ ба ш-ҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопон бомбаҳои атомӣ партофт, ки дар натиҷа ин шаҳрҳо комилан вайрон ва беш аз 200 ҳазор мардум кушта шуданд. бомбаафканҳои ҳамлавар (Ил-2, Ил-10, Су-25, Су-39, А-10), нишебпар (Ju-87, Пе-2), қиркунанда (Р-47, Су-7, F-105), аз ҷумла бомбаафканҳои маҳвкунандаи бисёрҳадафа (Миг-25, Миг-31, Су-30, F-15Е, Р/А-18) низ мавҷуданд. бомбаафканҳои муосир аз бомбаафканҳои пешина комилан тафовут доранд. бомбаафканҳои муосир метавонанд рӯзонаву шабона, дар ҳар гуна вазъи обу ҳаво бо бомбаҳои одию ядроӣ, мушакҳои болдори идорашавандаи «Ҳаво-Замин», мушакҳои зиддикиштӣ зарба зада, минтақаҳои баҳрӣ ва соҳилиро минагузорӣ кунанд. Онҳо бо олатҳои нишонгиру навигатсионӣ, дастгоҳҳои идоракунии автоматӣ ва маҷмӯи воситаҳои мудофиа ҷиҳозонида мешаванд. бомбаафкани дурпарвози байниқитъавӣ метавонад аз як гӯшаи ҷаҳон ба дигараш парвоз кунад. Дар рӯзҳои мо бомбаафканҳоро дар Ироқ ва Афғонистон ба таври хеле фаъол истифода бурда истодаанд. Дар замони ҳозира бомбаафканҳои бесарнишин низ бисёр истифода мешаванд.
Бомбаафканҳои пуриқтидори муосир: дар Русия — бомбаафканҳои дурпарвози Ту-22М, Ту-160, Ту-95М ва ҷабҳаии Су-34; дар ИМА — бомбаафкани камаёни В-2А, бомбаафканҳои фавқуссадои В-18, В-52Н, самолётҳои маҳкунанда-бомбаафкани F-15Е, F-16, дар Қувваҳои ҳарбии баҳрӣ — самолёти маҳвкунанда-бомбаафкани саҳникиштигии F/А-18; дар Хитой — бомбаафкани дурпарвози Н-6 (нусхаи Ту-16-и Русия); дар Фаронса — самолёти маҳвкунанда — бомбаафкани Мираж 2000N.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бомбаафкан // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.