Бурҳон Раҷаб
Бурҳон Раҷаб | |
---|---|
Бурҳон Раҷабов | |
Таърихи таваллуд | 1936 |
Зодгоҳ | ш.Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 5 августи соли 2011 |
Маҳалли даргузашт | ш.Самарқанд |
Ҷоизаҳо |
Бурҳон Раҷаб — ҳунарпешаи театр, коргардон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1989). Бародари нависандаи Тоҷикистон Насим Раҷаб.
Зиндагинома[вироиш]
Дастпарвари мактаби миёнаи №5 ш.Самарқанд (1955). Факултети ҳунарпешагии Институти театриву рассомии Тошканд ба номи А.Н. Островскийро хатм кардааст (1959). Солҳои 1959-1996 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд. Ӯ дар якчанд намоишҳои телевизиони тоҷик ва филмҳои "Тоҷикфилм" нақшҳои ҷолиб офаридааст. Барои маҳорати арзанда дар саҳнаи театри тоҷик соли 1989 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардидааст. Соли 1996 ӯ ба зодгоҳаш – ш. Самарқанд кӯчидааст.
Эҷодиёт[вироиш]
Аз пиесаҳои драматургҳои шӯравӣ, тоҷик ва рус, классикони русу ҷаҳон беш аз 100 нақш бозидааст.
Нақшҳо дар театр[вироиш]
- масхарабоз (“Шоҳ Лир”-и У.Шекспир, 1961),
- Лабад “Кӯҳистон”-и Р.Ғамзатов, (1961),
- Шмага (“Гунаҳкорони бегуноҳ”-и А.Островский, 1963),
- Лаунс (“Ду веронагӣ”-и У.Шекспир, 1967),
- Саидхон (“Сароби хунин”-и С.Азимов, 1971),
- дарвеш (“Шаби гирифтани моҳ”-и Мустай Карим, 1972),
- Азимшоҳ (“Дохунда”-и С.Айнӣ, 1976),
- ҳокими шаҳр («Ревизор»-и Н.В.Гогол, 1977),
- Холмат (“Бой ва хизматгор”-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, 1982),
- Ҷӯрабой (“Гавҳари шабчароғ”-и С.Улуғзода),
- Сабур Сабурович (“Интихоби домод”-и Ҳоҷӣ Содиқ),
- Фамусов (“Дод аз дасти ақл”-и А.Грибоедов),
- Войнитский (“Ванятағо”-и А.П.Чехов, 1982),
- сарлашкар (“Вопасин амиралмӯъминин”-и Ф.Муҳаммадиев),
- Афросиёб (“Рустам ва Сӯҳроб”-и Ғ.Абдулло),
- Гургин (“Бежан ва Манижа”-и Хушкинобӣ),
- Ксанф (“Эзоп”-и Г.Фигейредо),
- Олимбек (“Сарбозони инқилоб”-и Ғ.Абдулло)
Нақшҳо дар кинофилмҳо[вироиш]
- “Хомӯшӣ нахоҳад шуд”,
- “Ҳасани аробакаш” (реж. Борис Кимёгаров),
- “Паланг даркор” (реж. Б. Арабов),
- “Боз як шаби Шаҳризод”, (реж. Тоҳир Собиров)
- “Афсонаҳои нави Шаҳризод”, (реж. Тоҳир Собиров)
- “Шаби охирини Шаҳризод”, (реж. Тоҳир Собиров)
- “Ашк ва шамшер” (реж. Тоҳир Собиров) ва ғ.
Дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ маҳорати том дошт. Соли 1996 аз Душанбе ба зодгоҳаш – шаҳри Самарқанд баргаштааст. Дар ҳамкорӣ бо адиб ва драматург Адаш Истад ва бо иштироки актёрони ҷавони театр-студияи “Овози Самарқанд” намоишномаи “Хӯса”-ро ба ҳайси коргардон саҳнагузорӣ кардааст.[1]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013. – С. 109.