Jump to content

Тоҳир Собиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тоҳир Собиров
Таърихи таваллуд: 21 декабр 1929(1929-12-21)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 31 май 2002(2002-05-31) (72 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардони филм, филмноманавис
Корнома: аз 1951
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0754779

Тоҳир Собиров (Собиров Тоҳир Мухторович; 21 декабри 1929 — 31 майи 2002, Душанбе) — ҳунарпеша, коргардон ва сенариянависи синамои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1966). Узви Иттифоқи киноматаграфистони СССР (1958). Котиб (аз 1962) ва Раиси (19961999) Иттифоқи киноматаграфистони (синамогарони) Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1929 — дар Душанбе ба дунё омадааст.
  • 1940 — ҳунарпешаи Театри опера ва балети Тоҷикистон.
  • 1951 — факултети актёрии Институти театри-бадеии Тошкандро хатм кардааст.
  • 1952 — омӯзгори студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи М. С. Щепкин (Москва).
  • 1956 — факултети режиссёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийро (ГИТИС) — ро хатм кардааст.
  • 19562002 — ҳунарпеша ва коргардони (режиссёри) студияи «Тоҷикфилм».

Тоҳир Собиров 31 майи соли 2002, дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

  • Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1966)
  • Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1980)
  • Ордени «Нишони Фахрӣ» (1971)
  • Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1991)
  • Ордени «Шараф» (1999)
  • Дипломи — Кинофестивали байналмилалии мамалакатҳои Осиё, Африқо ва Америкои Лотинӣ да шаҳри Тошканд (1967), барои филми «Марги судхӯр»
  • Мукофоти — Кинофестивали XIII умумиитифоқӣ дар ш. Душанбе (1980) барои филми «Вохӯрӣ дар дараи марг»
  • Чор мукофоти асосӣ — Кинофестивали III умумиитифоқии филмҳои афсонавӣ дар шаҳри Вилнюс (1984)
  • Мукофоти якум — Кинофестивали умумиитифоқӣ дар ш. Москва (1984)
  • Мукофот ва Дипломи — Кинофестивали байналмилалии мамалакатҳои Осиё, Африқо ва Америкои Лотинӣ да ш. Тошканд (1986), барои филми «Боз як шаби Шаҳризод»
  • Мукофоти асосии — Кинофестивали байналмилалӣ дар шаҳри Қоҳира (1987) «Шамшери тилоии Димишқ» барои сисилаи филмҳои «1001 шаб»
  • Мукофот ва Дипломи — Кинофестивали умумиитифоқии «Афсона» дар шаҳри Москва (1988) барои филми «Афсонаҳои нави Шаҳризод»[1].
  1. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012, — с. 189.
  • Театральная энциклопедия. Гл. ред. С. С. Мокульский. Т. 1 — М.: Советская энциклопедия, А — «Глобус», 1961, 1214 стб. с илл., 12 л. илл.