Jump to content

Бурҳон Раҷаб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бурҳон Раҷабов)
Бурҳон Раҷаб
Бурҳон Раҷабов
Таърихи таваллуд 5 август 1936(1936-08-05)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 5 август 2011(2011-08-05)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Бурҳон Раҷаб — ҳунарпешаи театр, коргардон, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1989). Бародари нависандаи Тоҷикистон Насим Раҷаб.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дастпарвари мактаби миёнаи № 5 ш. Самарқанд (1955). Факултети ҳунарпешагии Институти театриву рассомии Тошканд ба номи А. Н. Островскийро хатм кардааст (1959). Солҳои 1959—1996 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд. Ӯ дар якчанд намоишҳои телевизиони тоҷик ва филмҳои «Тоҷикфилм» нақшҳои ҷолиб офаридааст. Барои маҳорати арзанда дар саҳнаи театри тоҷик соли 1989 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардидааст. Соли 1996 ӯ ба зодгоҳаш — ш. Самарқанд кӯчидааст.

Аз пиесаҳои драматургҳои шӯравӣ, тоҷик ва рус, классикони русу ҷаҳон беш аз 100 нақш бозидааст.

Нақшҳо дар театр

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • масхарабоз («Шоҳ Лир»-и У.Шекспир, 1961),
  • Лабад «Кӯҳистон»-и Р.Ғамзатов, (1961),
  • Шмага («Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А.Островский, 1963),
  • Лаунс («Ду веронагӣ»-и У.Шекспир, 1967),
  • Саидхон («Сароби хунин»-и С.Азимов, 1971),
  • дарвеш («Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим, 1972),
  • Азимшоҳ («Дохунда»-и С.Айнӣ, 1976),
  • ҳокими шаҳр («Ревизор»-и Н. В. Гогол, 1977),
  • Холмат («Бой ва хидматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, 1982),
  • Ҷӯрабой («Гавҳари шабчароғ»-и С.Улуғзода),
  • Сабур Сабурович («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ),
  • Фамусов («Дод аз дасти ақл»-и А.Грибоедов),
  • Войнитский («Ванятағо»-и А. П. Чехов, 1982),
  • сарлашкар («Вопасин амиралмӯъминин»-и Ф.Муҳаммадиев),
  • Афросиёб («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ.Абдулло),
  • Гургин («Бежан ва Манижа»-и Хушкинобӣ),
  • Ксанф («Эзоп»-и Г.Фигейредо),
  • Олимбек («Сарбозони инқилоб»-и Ғ.Абдулло)

Нақшҳо дар кинофилмҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ маҳорати том дошт. Соли 1996 аз Душанбе ба зодгоҳаш — шаҳри Самарқанд баргаштааст. Дар ҳамкорӣ бо адиб ва драматург Адаш Истад ва бо иштироки актёрони ҷавони театр-студияи «Овози Самарқанд» намоишномаи «Хӯса»-ро ба ҳайси коргардон саҳнагузорӣ кардааст.[1]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013. — С. 109.