Буғма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Буғма тасбеҳак, (Leontice ewersmanii) гиёҳест лӯндабехи худрӯй. Лӯндааш калон (қутраш то 15 см), байзашакл. Пояш рост (20-60 см қад мекашад), сербарг. Баргаш калон, думчадароз. Гулаш майдаи зард (моҳҳои март, апрел мешукуфад).