Jump to content

Бустун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бӯстун)
Маҳалли аҳолинишин
Бустун
англ. Boston
Парчам
Парчам
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Michelle Wu[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 7 (17) сентябр 1630[2]
Масоҳат
Баландии марказ 43 м
Навъи иқлим humid continental climate[d]
Минтақаи замонӣ EDT[d], UTC−05:00[d] ва UTC−04:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 617
Нишонаи почта 02108–02137[5], 02217[5], 02222[5], 02241[5], 02266[5], 02283–02284[5], 02293[5], 02297–02298[5], 02163[5], 02196[5], 02199[5], 02201[5], 02203–02206[5], 02210–02212[5] ва 02215[5]
boston.gov(англ.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бустун (англ. Boston [ˈbɒstən] ) — марказ ва бузургтарин шаҳри иёлати Масачуссетси Амрико. Ин шаҳр бо ҷамъияте беш аз 667 137 нафар, бисту севумин шаҳри бузурги Амрикост. Дар соҳили халиҷи Массачусетси Уқёнуси Атлантик, дар резишгоҳи рӯдхонаи Чарлз воқеъ гаштааст.

Аҳолиаш 625 ҳазор нафар (бо аҳолии атрофаш зиёда аз 5,9 млн нафар, 2012). Маркази бузургтарини нақлиётии шимоли шарқи ИМА; бандари муҳимми баҳрӣ (муомилоти бор 16 млн т дар як сол). Фурудгоҳи байналмилалӣ (Логан) дорад.

Бустун яке аз аввалин қасабаи муҳоҷирони англису Амрикои Шимолӣ буд. Соли 1630 мустамликаи Массачусетс-Бэй. Аз аввали асри 17 то соли 1760 яке аз шаҳрҳои бузурги мустамликаи Англия дар Амрико ба ҳисоб рафта, баъдан мақоми аввалиятро ба Филаделфия дод. Севвумин бандари мубодилаи бори Империяи Британия ба ҳисоб мерафт. Ба таври расмӣ аз соли 1822 мақоми шаҳрро соҳиб гардид. Аз асри 19 Бустун яке аз шаҳрҳои бузургтарини ИМА ҳисоб меёфт. Соҳаҳои иқтисодиёти Бустун-и муосир бахши молиявӣ (хидматрасонии бонкӣ, ширкатҳои суғуртавӣ), тандурустӣ (16 беморхона ва 8 маркази илмии тиббӣ), саноати технологияи навин (радиоэлектроника, таҷҳизоти компютерӣ, воситаҳои автоматикунонӣ, телекоммуникатсия) ва табъу нашр мебошад. Асбобсозӣ (асбобу анҷоми тиббӣ), истеҳсоли муҳаррикҳои авиатсионӣ ва киштӣ, киштисозӣ ва таъмири киштӣ яке аз соҳаҳои пешрафтаи Бустун аст. Саноати чарму пойафзор, кимиё, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли резин ривоҷ ёфтааст. Дар Бустун метрополитени қадимӣ (аз 1897), шоҳроҳи нақлиётии Биг-Диг бо нақби назди бандари баҳрӣ ва маҷмӯи таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ (2004) мавҷуд аст. Бустун тарҳи меъмории аврупоиро дорост. Солҳои 1960-90 қисми марказии шаҳр таҷдид гардида, иморатҳои осмонбӯси Ҷон-Хэнко-Билдинг, Пруденшл-Сентер (50 ошёнаанд) бунёд гардиданд. Биноҳои асрҳои 18-19, аз қабили Хонаи қадимии иёлат (1711-47), Фанейл-Холл (1742), Антенеум (китобхонаи қадимии ИМА, 1847), госпитали клиникии Массачусетс (1811) ва ғ. маҳфуз мондаанд.

Бустун маркази бузургтарини илмӣ ва таълимии ИМА ба ҳисоб рафта, дар он Донишгоҳи Гарвард (Кембриҷ, 1636), Институти технологии Массачусетс (1861), Донишгоҳи Бостон (1869), Донишгоҳи Шимоли Шарқӣ (1898) ва донишгоҳҳои Брэндис, Тафтс, Консерваторияи мусиқии Англияи Нав (1867), оркестри симфонии Бостон, театри опера ва балет, осорхонаҳои саноеи нафиса, илмӣ, таърихи дақиқ, кӯдакона, Осорхонаи бадеии Изабелла Стюарт Гарднер, Осорхонаи таърихи Африқо ва Амрико мавҷуданд. Лавҳаҳои ёдгори Холокост, Ҷон Кеннеди, Боғи миллӣ-таърихӣ бо осорхонаи «Банкер-Хилл», истгоҳи киштии ҳозиразамони «Конститюшн» дар Бустун ҷойгиранд. Пойгоҳи флоти баҳрӣ дорад.