Вабор
Вабор (ар. وبار ) — минтақаи биёбоние дар ҷануби Арабистон, ки байни Шиҳр ва Маҳра ҷойгир буда, қисмате аз Даҳно ва ё биёбони Рубъулхолиро фаро мегирад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ривояти таърихнигорон ва бодиянишинони достонсаро Вабор ҷойи зисти қавми Од буда, азоби илоҳӣ дар ин макон бар онҳо фуруд омадааст. Ин ривоятҳо бостоншиносон Гарри Сент-Джон Филби ва баъдтар Юджин Шумейкерро ба ҳафриёти бостоншиносӣ дар минтақаи Вабор водор кард. Филби соли 1932 пас аз ковишҳо дар Вабор ба ҷуз тӯдатеппаҳои рег, марворидҳои сиёҳ ва чанд ҳайкалчаи филиззии каҷу ноҳамвор чизи дигаре пайдо накард ва ба натиҷае расид, ки ин ҳама бар асари таркиши шиҳобпораи бузурге падид омадааст. Соли 1994 Ю. Шумейкер кори Филбиро идома дода, ба хулосае омад, ки ин ҳодиса тақр. 135 сол пеш ба вуқӯъ омада, вазни шиҳобпора (астероид) чанд т ва иқтидори таркишаш баробари эквиваленти таркиши бомбаи атомии партобшуда бар Хиросима будааст.Таҳқиқоти Лондберг ва Рентс дар асри гузашта нишон медиҳанд, ки Аҳқоф тамоми сарзамини Ҳазрамавтро дар бар мегирад ва ривояте аз ҷуғрофиёшинос Ёқути Ҳамавӣ мабнӣ бар вуҷуди ғорҳое дар сарзамини Аҳқоф ин гуфтаро зимнан таъйид ва назари Филби ва Шумейкерро дар бораи танҳо Вабор будани ҷойи зисти қавми Од ва таърихи зикркардаи онҳо рад менамоянд. Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносии солҳои 1991–98 дар ин минтақа қалъаи ҳашткунҷае бо деворҳои ғафс кафш гардид, ки бурҷҳои он дар гӯшаҳо бар рӯйи сутунҳои ғафсе ба иртифои 9 м ва қутри 3 м бино ёфтаанд. Ин бозёфт комилан мувофиқи гуфтаи Қуръон дар сураи Фаҷр аст: «Ирами дорои сутунҳо». Маҷаллаи амрикоии Таймз (Times) зери унвони Arabia Lost Sand Castle By Richard Ostling аз кашфи ш. Ирам гузориш дод. Ин бозёфтҳои бостонӣ назари Филби ва Шумейкерро оид ба афтиш ва таркиши шиҳобпора, инчунин таърихи вуқӯи он куллан рад карданд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]ياقوت عبد الله الحموي. معجم البلدان. جلد ۵. بيروت، ۱۹۹۷؛ زكرياء بن محمد بن محمود القزويني. آثار البلاد واخبار العباد. – بيروت، ۱۹۸۴؛ زغلول نجار،الانسان في القرآن الكريم. بيروت، ۲۰۰۵؛ جواد علي. المفصل في تأريخ العرب قبل الاسلام. جلد.۱. بیروت ۱۳۸۰. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вабор // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.